Ҳадаф ва барномаи НИТ
Ҳифзи арзишҳои исломӣ ва миллӣ, рушди маърифат, каромати инсонӣ ва ҳамзистии осоишта.
Арзишҳои исломӣ ва миллӣ
Ҳифзу рушди арзишҳои исломӣ ва миллӣ, таҳкими ахлоқи ҳамида ва масъулиятшиносӣ дар зиндагии фардӣ ва ҷамъиятӣ.
Илм ва маърифат
Густариши дониш, рушди тафаккури созанда ва баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҷамъиятӣ тавассути омӯзишу гуфтугӯ.
Ҳуқуқ ва каромати инсон
Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтироми шаъну шараф ва озодии эътиқод, тарғиби адолат ва маърифати ҳуқуқӣ.
Ваҳдат ва ҳамзистии осоишта
Таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва густариши фарҳанги таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда.
Фарҳанг ва ҳувияти миллӣ
Посдории забони форсӣ-тоҷикӣ, омӯзиши таърих ва мероси фарҳангӣ, тақвияти худшиносӣ ва пайванди наслҳо дар дохилу хориҷи кишвар.
Таҷрибаи бузургон ва нерӯи ҷавонон
Пайванди таҷрибаи бузургон бо нерӯву дониши ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созанда ва фароҳам овардани замина барои иштироки фаъоли насли ҷавон дар пешбурди аҳдофи Наҳзат.