Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри як изҳорот эълони ҳимоят аз изҳороти ҳашт созмони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кард.
Чанд рӯз пеш ташкилотҳои маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла: ADC Memorial, CIVICUS, International Commission of Jurists (ICJ), FIDH, International Partnership for Human Rights (IPHR), Iteka, Vuka!, ва OMST бо нашри як изҳорот бо як овоз таъкид карданд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир, бахусус пас аз ҳаводиси моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон, ба поймолсозии густардаи ҳуқуқи инсон, саркӯби озодиҳои шаҳрвандӣ ва истифодаи нерӯи шадиди ҳарбӣ даст задааст.
Тибқи изҳороти мазкур, даҳҳо нафар шаҳрвандон дар Бадахшон кушта шуданд, садҳо нафари дигар боздошт ва маҳкум гардиданд, садҳо хонавода маҷбур ба тарки манзили худ шуданд. Созмонҳои ҳуқуқбунёд таъкид мекунанд, ки ин амалҳо метавонанд тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун ҷиноятҳои зидди башарият арзёбӣ шаванд. Дар изҳорот ҳамчунин аз ирсоли шикоят аз ҷониби ҲНИТ ба Суди ҷиноятии байналмилалӣ (ICC) алайҳи Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ барои ҷиноятҳои зидди башарият изҳори ҳимоят сурат гирифтааст.
Созмонҳои ҳуқуқи башар аз кишварҳои узви Суди ҷиноятии байналмилалӣ даъват карданд, ки дар мавриди шикояти расмӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон чораандешӣ кунанд ва тафтиши мустақил ва ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд. Ба гуфтаи онҳо, бе адолат ва бе ҷавобгарӣ, сулҳ ва суботи воқеӣ дар кишвар дастнорас хоҳад буд.
Паймони миллии Тоҷикистон, ки эътилофи мухолифини сиёсии тоҷик дар хориҷ ба ҳисоб меравад, бо пайвастан ба ин изҳорот мавқеи худро такрор карда зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон барои ҷиноятҳои содиршуда, таъмини адолат барои қурбониён ва расидани садои онҳо ба ҷомеаи байналмилалиро таъкид кардааст.
Ин изҳорот дар саҳифаи Х-и Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ нашр шуд.