Дар бораи ҲНИТ

  • Home
  • -
  • Дар бораи ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) – ин танҳо як ҳизби сиёсӣ нест, балки ҷунбиши умед, ваҳдат ва адолат аст, ки аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта қадам ба қадам ташаккул ёфта, дар таърихи муосири Тоҷикистон нақши ҳалкунанда гузоштааст.

Аввалин қадамҳо

Таърихи ҲНИТ аз рӯзи 20 апрели соли 1973 оғоз мешавад. Он вақт, дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, гурӯҳе аз шахсиятҳои далеру огоҳ – Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов (Қорӣ Муҳаммадҷон), Неъматуллоҳ Эшонзода, Одинабеки Абдусалом ва Қаландар Садруддинов – ҷунбиши пинҳониеро бо номи «Наҳзати ҷавонон» таъсис доданд. Ҳарчанд он рӯзҳо озодӣ набуд ва фаъолияти динӣ сахт маҳдуд мешуд, ин гурӯҳ орзуи ҷомеаи адолатпарвар, ахлоқӣ ва ваҳдатофарро зинда нигоҳ дошт.

Дар таърихи 9 июли соли 1990, вақте ки дар Иттиҳоди Шуравӣ равандҳои ислоҳот оғоз ёфт, намояндагони тоҷик, Сайидиброҳим Гадоев, Саидумар Ҳусайнӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуллоҳи Хитоб, Абдушариф Боқизода (Домулло Салмон), Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон дар анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Астрахан ширкат карданд. Ин падида оғози қадами расмии тоҷикон дар майдони сиёсат буд.

Таҳаввули расмӣ

  • 26 октябри 1990 – анҷумани муассисони ҲНИТ дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин анҷуман Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо овоздиҳии умумӣ раиси ҳизб интихоб гардид.
  • 26 октябри 1991 – дар айёми истиқлолияти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ ба таври расмӣ сабти ном гардид ва нахустин ҳизби исломии қонунии тамоми Осиёи Марказӣ шуд. Ин рӯз оғози марҳилаи нав буд: ҲНИТ ба минбари қонунӣ табдил ёфт, садои мардум ва рамзи эҳё гардид.

Арзишҳо ва ҳадафҳо

ҲНИТ аз оғоз то имрӯз бо чунин арзишҳо ва ҳадафҳо қадам мезанад:

  • Адолати иҷтимоӣ ва қонуният – то ҳар шаҳрванди тоҷик худро баробар ва ҳифзшуда ҳис кунад.
  • Мардумсолорӣ ва иштироки фаъолона – то сарнавишти миллатро худи мардум муайян намоянд.
  • Каромати инсонӣ – то ҳар як шахс бо иззат ва озодӣ зиндагӣ кунад.
  • Сулҳ ва ваҳдат – ҳамчун заминаи асосии рушди давлат ва ҷомеа.

Шоистасолорӣ ва масъулият – то раҳбарӣ хизмат бошад, на манфиат.

Нақш дар таърихи Тоҷикистон

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997), ҲНИТ роҳи сулҳ ба ҷои ҷанг ва музокирот ба ҷои душманӣ-ро интихоб кард. Маҳз ҳамин мавқеъ роҳро барои имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамвор кард, ки барои ҳазорҳо оила сулҳ, умед ва ояндаи нав бахшид.

ҲНИТ дар интихоботҳои порлумонӣ (2000, 2005, 2010) намояндагони худро ба парлумон ворид карда, садои мардум шуд. Дар интихоботи президентӣ низ бо пешниҳоди номзадҳо ва барномаҳои худ саҳм гузошт. Нашрияҳои ҳизбӣ – ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» – дар тарбияи маърифатӣ ва маънавии ҷомеа нақши созанда доштанд.

Роҳбарон ва чеҳраҳои намоён

  • Муҳаммадшариф Ҳимматзода – аввалин раиси расмии ҳизб.

  • Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – муассиси ҲНИТ, меъмори сулҳи тоҷикон ва рамзи ваҳдатофарӣ.

Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари кунунӣ, ки бо рӯҳияи навсозӣ ва ҳамгироӣ ҳизбро ба пеш мебарад.

ҲНИТ имрӯз

Бо вуҷуди маҳдудиятҳо, Ҳизби наҳзати исломӣ имрӯз низ ҳамчун рамзи муборизаи осоишта барои адолат ва озодӣ боқӣ мондааст. Мо бо дигар созмонҳои сиёсиву шаҳрвандӣ тавассути Паймони миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, баҳри Тоҷикистони озод, демократӣ ва пешрафта, ин ҳадафи худро пайгирӣ мекунем.

Паёми мо ба миллат

Мо мегӯем:

  • Тоҷикистон метавонад озод бошад!

     

  • Тоҷикистон метавонад адолатпарвар бошад!

     

  • Тоҷикистон метавонад сарзамини ваҳдат ва умед бошад!

     

Мо аз гузашта илҳом мегирем, имрӯз масъулиятро ба дӯш мегирем ва ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорем.


ҲНИТ — мактаби ваҳдат, адолат ва умед барои миллати тоҷик!

Мо барои Тоҷикистон – Тоҷикистон барои ҳама!

Ҳастем, мемонем, месозем!

Муассисони ҲНИТ

Роҳбарони ҲНИТ