Бобоҳидо Ҳайдаров

  • Home
  • -
  • Бобоҳидо Ҳайдаров

Бобоҳидо Ҳайдаров

Бобоҳидо Ҳайдаров омӯзгори мактаби миёна, шахсияти фарҳангӣ ва адабиётчӣ аст. Ӯ солҳои зиёде кудакону навҷавононро ба роҳи росту дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ карда аст. Хурду калони шаҳри Исфара ӯро ҳамчун як муаллими хушгуфтору хушахлоқ мешиносанд.
Бобоҳидо Ҳайдаров на танҳо дар миёни мардуми Исфара, балки дар миёни ҳамаи мардуми кишвар, ки ӯро мешинохтанд бо лафзи ширину нутқи буррояш шинохта мешуд ва мешавад.

Бобоҳидо Ҳайдаров, рӯзи 13-уми майи соли 2021, баъди сипарӣ кардани 6 сол дар паси панҷара озод шуд. Ӯ то соли 2015 узви раёсати шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, раиси ташкилоти ҷамоатии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷамоати Чоркуҳ ва муовини раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Исфара буд.  Ин узви ҳоло 76-солаи ҲНИТ, санаи 22-уми сентябри соли 2015  аз ҷониби КДАМ дастгир шуда, соли 2016 бо гуноҳи ифротгароӣ ва ва таъсиси созмони ифротгаро ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.