Бобоҳидо Ҳайдаров, рӯзи 13-уми майи соли 2021, баъди сипарӣ кардани 6 сол дар паси панҷара озод шуд. Ӯ то соли 2015 узви раёсати шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, раиси ташкилоти ҷамоатии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷамоати Чоркуҳ ва муовини раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Исфара буд. Ин узви ҳоло 76-солаи ҲНИТ, санаи 22-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби КДАМ дастгир шуда, соли 2016 бо гуноҳи ифротгароӣ ва ва таъсиси созмони ифротгаро ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.