Зарурати додрасӣ ба қурбониёни ҷанг. FUVI ба масъулияти умумибашарӣ даъват кард

  • Home
  • -
  • Зарурати додрасӣ ба қурбониёни ҷанг. FUVI ба масъулияти умумибашарӣ даъват кард

Зарурати додрасӣ ба қурбониёни ҷанг. FUVI ба масъулияти умумибашарӣ даъват кард

nahzat August 12, 2025 1 Comments

Созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башари UKRAINIAN FUND FOR INTERNATIONAL VOLUNTEERS (FUVI)  зарурати таъмини адолат барои қурбониёни ҷангро яке аз муҳимтарин шартҳои сулҳи пойдор ва ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ медонад.

Созмони байналмилалии FUVI дар як изҳороташ куштори мардуми Помири Тоҷикистон аз ҷониби режими кишварро ба ҷанг дар Украина ҳамсон дониста, таъкид кардааст, ки адолат барои қурбониёни ҷанг бояд таъмин гардад, зеро миллионҳо одамон дар низоъҳои мусаллаҳона ба талафоти ҷонӣ ва шиканҷа рӯ ба рӯ мешаванд. Ба гуфтаи созмон, қурбониёни шиканҷа, зӯроварии ҷинсӣ ва кӯдакони маҷбур ба гурезшуда, бештар ба ҳамдардӣ ниёз доранд ва онҳо адолат мехоҳанд.

Дар изҳорот зикр мешавад, ки ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият на танҳо принсипи ҳуқуқи байналмилалӣ, балки як амри ахлоқист. Ба таъкиди FUVI, бе адолат сулҳи воқеӣ ва пойдор имконнопазир аст.

Созмон нақши муҳими Суди ҷиноятии байналмилалӣ ва дигар сохторҳои ҳуқуқбунёдро дар додгустарӣ ба нақзи ҳуқуқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон муҳим арзёбӣ мекунад. Дар санад оварда мешавад, ки мисолҳои Украина, Бадахшони Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои гирифтори саркӯб ва хушунати мусаллаҳ нишон медиҳанд, таъмини адолат кафолати додрасӣ ба овози осебдидагон ва  ба ҷазо кашидани гунаҳкорон мебошад.

Тибқи мавқеи FUVI, адолат барои қурбониёни ҷанг маънои барқарорсозии шаъну шараф, хотима бахшидан ба беҷазоии ҷинояткорон, пешгирии фоҷиаҳои оянда ва бунёди сулҳи устуворро дорад. Созмон ҳушдор медиҳад, ки сулҳе, ки бар хомӯшӣ ва беҷазоӣ такя мекунад, ноустувор хоҳад буд.

Дар изҳороти созмон ҳамчунин таъкид шудааст, ки як қатор ташкилотҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла CIVICUS, FIDH ва IPHR, талош доранд, ки дар парвандаҳои монанди Украина ва Бадахшони Тоҷикистон ба адолат даъват кунанд. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин қазияҳо бетараф намемонад ва осебдидагон танҳо нестанд.

Ба иттилои FUVI, ҳар шахс метавонад барои дастгирии адолат саҳмгузор бошад ва бо огоҳӣ аз гузоришҳои созмонҳои боэътимод, паҳн кардани сарнавишти зиндамондагон, пуштибонӣ аз талошҳои созмонҳои ҳуқуқбунёд ва талаб кардани ҷавобгарӣ аз ҳукуматҳо ва сохторҳои байналмилалӣ саҳми худро метавонад гузорад.

Дар изҳорот зикр мешавад, ки адолат барои қурбониёни ҷанг на танҳо мурофиа ё ҳукм аст, балки эътироф ва пешгирӣ аз фоҷиаҳои оянда мебошад. FUVI мавқеи худро такрор намуда, таъкид кардааст, ки адолат барои қурбониёни ҷанг аз Украина то ҳар гӯшае аз ҷаҳон пояи асосии сулҳ ва ҳифзи шаъну шарафи инсон аст.

Дар зери изҳороти худ Созмони байналмилалии FUVI  изҳороти ПМТ, ки раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар саҳифаи Х – и худ нашр кард, замима кардааст.

 

Tags:

Share:

One Comment

    August 12, 2025 Reply

    Hi, this is a comment.
    To get started with moderating, editing, and deleting comments, please visit the Comments screen in the dashboard.
    Commenter avatars come from Gravatar.

Leave Comment