Таъсиси ҲНИТ
- 22 Апрел 1973
22 апрели соли 1973 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро поя гузоштанд, ки бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъъолият мекард
Оғози фаъолияти расмӣ
- 26 октябр 1991
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, ба таври расмӣ 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд.
Аввалин роҳбари расмии ҲНИТ
- Декабр 1991
Баъди ба расмият шинохта шудани ҲНИТ, раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшариф Ҳимматзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Ҳиҷрати аввал
- 1992 - 1997
Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992—1997 дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ якҷо бо Ҳизби демукрот ва созмони «Лаъли Бадахшон» алайҳи давлати вақти кумунистӣ сангар гирифта буд. Худи ҳамон сол аксари аъзои ин ҳизб ба Афғонистон ва ба дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ муҳоҷир шуданд. Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард.
Созишномаи сулҳ
- 27 июн 1997
Дар ин рӯзи таърихӣ дар шаҳри Маскав санадҳои зерин ба имзо расидаанд.
-Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.
-Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов ва Роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ.
-Изҳороти Маскав — аз ҷониби Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С. А. Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Г. Д. Мерем ба имзо расидааст
Фаъолият баъди сулҳ
- Август 1999
Пас аз имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.
Он замон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди неруҳои опозитсионии Тоҷикистон дар анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд.
Баъди вафоти Саид Абдуллоҳи Нурӣ
- 2006
Соли 2006, пас аз вафоти устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бо интихоботи дохилиҳизбӣ, Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ интихоб шуд. Дар интихоботҳои минбаъдаи дохилиҳизбӣ низ ду маротибаи дигар ба ин мақом такроран интихоб гардид.
Ҳиҷрати дуввум
- Аз соли 2015
ҲНИТ, бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 расман созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд. Даҳҳо нафар аъзои Раёсати Олӣ ва фаолони ҳизб боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳазорон нафари дигар, сараввал ба Эрон, Туркия ва кишварҳои ИДМ ҳиҷрат карданд ва баъдан ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд. Ҳоло ҲНИТ танҳо фаолияти ҳуқуқӣ ва дипломатӣ дорад ва нисбат ба амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон баёния ва изҳорот нашр мекунад. Ахиран, моҳи апрели соли 2025 парвандаи Эмомалӣ Раҳмон барои ҷиноят алайҳи башарият аз ҷониби ҲНИТ бо ҳамкории ду созмони дигари байналмилалӣ ба Суди байналмилалии ҷиноии Гаага барои баррасӣ супорида шудааст.