Саидов Исломҷон 3 январи соли 1978 дар деҳаи Пандовчии ҷамоати Сафедчашма, ки қаблан Самсолиқ ном дошт, дар ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни замон дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон зиндагӣ мекунад.
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА ОҒОЗИ ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ИСЛОМӢ
Исломҷон Саидов таҳсилоти миёнаро дар мактаби №29/18-и ноҳияи Нуробод гирифтааст. Ҳамзамон бо таҳсил дар мактаб, омӯзиши ибтидоии илмҳои диниро дар зодгоҳаш назди падар ва уламои маҳаллӣ оғоз кардааст.
Ӯ дар ин давра таълимоти муқаддамотии диниро то китоби «Мухтасар-ул-виқоя» омӯхта, ҳамзамон Қуръони Маҷидро ҳифз кардааст. Ин марҳила заминаи нахустини омӯзиши минбаъдаи ӯ дар риштаҳои фиқҳ, ҳадис, тафсир ва забони арабӣ гардид.
Пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омад. Дар он ҷо як сол дар курси омодагии мадрасаи Имом Тирмизӣ таҳсил карда, барои дохил шудан ба барномаи асосии мадраса омодагӣ гирифт.
ТАҲСИЛ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Соли 1996 Исломҷон Саидов барои идомаи омӯзиши илмҳои динӣ ба ноҳияи Дӯстӣ рафта, назди Махдуми Абдулвоҳид, раҳматуллоҳи алайҳ, ба таҳсил пардохт.
Ӯ то соли 2000 дар назди ин устод китобҳои «Мухтасар-ул-виқоя», «Шарҳ-ул-виқоя» ва «Ҳидоя»-ро дар фиқҳ омӯхт. Дар илми ҳадис китоби «Мишкот-ул-масобиҳ»-ро таълим гирифт. Ҳамчунин сарфи забони арабӣ, бахше аз илми наҳв ва машқи хатро фаро гирифт.
Дар ҳамин давра таҷрибаи нахустини роҳбарии ӯ низ шакл гирифт. Аз соли 1996 масъулияти роҳбарӣ ва танзими корҳои беш аз сад толибилм ба ӯ вогузор шуда буд. Ин вазифа барои ӯ мактаби ибтидоии идоракунӣ, тақсими масъулият, муносибат бо шогирдон ва посухгӯӣ дар баробари натиҷаи кор гардид.
Баъдан ӯ дар ҳавзаи илмии «Таълими Қуръон ва Суннат» низ масъули толибилмони тоҷик буд.
ИДОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ДУШАНБЕ
Исломҷон Саидов пас аз анҷоми ин марҳилаи таҳсил ба зодгоҳаш баргашт ва тақрибан як сол дар деҳа монд. Сипас барои идомаи таҳсил дубора ба шаҳри Душанбе рафта, дар мадрасаи Имом Тирмизӣ таҳсил кард.
Дар баробари таҳсил дар мадраса, ӯ аз дарсҳои як қатор уламои шинохта низ баҳра гирифт. Аз ҷумла, назди Домулло Низомиддин, Домулло Саидбек, Мавлавӣ Кифоятуллоҳ ва чандин устоди дигари улуми динӣ таҳсил кардааст.
Омӯзиш назди устодони гуногун ба ӯ имкон дод, ки донишҳои худро дар фиқҳ, ҳадис, тафсир, забони арабӣ ва дигар риштаҳои илмҳои исломӣ такмил диҳад ва бо равишҳои мухталифи таълим ва таҳқиқ ошно гардад.
ТАҲСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Соли 2006 Исломҷон Саидов барои идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Ӯ таҳсили худро дар ҳавзаи илмии «Дорул-Қуръон ва Суннати Шурак Маликӣ», воқеъ дар ҷодаи Машҳад–Сарахс, идома дод.
Дар ин ҳавза омӯзиши низомманди илмҳои исломиро давом дода, донишҳои худро дар риштаҳои фиқҳ, ҳадис, тафсир ва дигар улуми динӣ такмил намуд. Ӯ ҳамчунин дар ин давра масъулияти роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои толибилмони тоҷикро ба ӯҳда дошт.
Пас аз хатми барномаи таълимии ҳавза, Исломҷон Саидов соҳиби «Шаҳодатномаи олӣ дар улуми исломӣ» гардид. Соли 2009 таҳсилоти олии худро ба анҷом расонида, дипломи таҳсилоти олии илмҳои исломиро дарёфт кард.
Ӯ ҳамчунин дорои мадраки тахассусии «Муфтӣ дар илми мерос» буда, дар соҳаҳои ҳадис ва тафсир шаҳодатномаҳои илмӣ дорад.
ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
Исломҷон Саидов дар Тоҷикистон, Эрон, Миср, Туркия, Русия, Украина ва Лаҳистон зиндагӣ ва таҳсил кардааст. Ин таҷрибаи байналмилалӣ ба ӯ имконият додааст, ки бо муҳитҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз наздик ошно гардад.
Забони модарӣ забони тоҷикӣ – форсӣ буда, бо забони арабӣ озодона сухан мегӯяд. Бо забонҳои русӣ ва полякӣ низ муошират мекунад.
Зиндагӣ дар кишварҳои гуногун ва иртибот бо намояндагони муҳитҳои мухталиф ҷаҳонбинии ӯро густариш дода, ба ташаккули муносибати таҳлилӣ нисбат ба масъалаҳои динӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мусоидат кардааст.
ФАОЛИЯТИ ИЛМӢ, ҶАМЪИЯТӢ ВА СИЁСӢ
Соли 2009 Исломҷон Саидов ба Шӯрои уламои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ фаъолият мекард, пайваст.
Дар солҳои минбаъда ӯ дар сохторҳои гуногуни ҲНИТ, аз ҷумла Шӯрои уламо, Академияи ҲНИТ ва Шӯъбаи илм ва кор бо уламо фаъолият намуд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ масъалаҳои фиқҳ, иқтисоди исломӣ, мерос, ҳадис, тафсир ва мавзуъҳои иҷтимоиро фаро мегиранд.
Исломҷон Саидов дар курсҳо ва барномаҳои омӯзишии ҲНИТ ба ҳайси устод иштирок карда, ба пурсишҳои фиқҳии муроҷиаткунандагон посух медод. Ӯ дар таҳияи маводи илмӣ ва маърифатӣ, ташкили суҳбатҳои омӯзишӣ ва тарбияи шогирдон низ саҳм гузоштааст.
Ӯ муаллифи рисолаи «Интихобот аз нигоҳи Ислом» мебошад. Ин рисола пеш аз интихоботи соли 2015 таҳия ва нашр шуда, масъалаи интихоботро аз дидгоҳи таълимоти исломӣ баррасӣ мекунад.
Дар баробари фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ, Исломҷон Саидов дар расонаҳои вобаста ба ҲНИТ, бо мақолаҳо, суханрониҳо ва барномаҳои таҳлилӣ иштирок кардааст. Даҳҳо мақолаҳояш ҳамчунин дар Пойгоҳи таҳлилӣ ва иттилоотии “Паём” нашр шудаанд. Мавзуъҳои фаъолияти расонаии ӯ масъалаҳои динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таҳаввулоти дохилию байналмилалиро дар бар мегиранд.
ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲИҶРАТ
Пас аз ҳиҷрат, Исломҷон Саидов соли 2016 фаъолияти худро дар Намояндагии ҲНИТ дар Лаҳистон идома дод. Дар ин давра ӯ дар корҳои ташкилӣ, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ва рушди робитаҳои дохиливу хориҷии ҳаракат иштирок намуд.
Соли 2018 Намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон дар Лаҳистон таъин гардид. Дар ин вазифа ба муаррифии мавқеъҳои эътилоф, ташкили мулоқоту чорабиниҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагӣ машғул буд.
Соли 2023 Исломҷон Саидов Раиси Дастгоҳи иҷроияи Паймони миллии Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин мақом масъулияти ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо, танзими корҳои иҷроӣ ва пайгирии иҷрои барномаҳои ташкилӣ бар дӯши ӯ қарор гирифт.
Соли 2025 ӯ ба вазифаи Муовини аввали Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин мақом ӯ дар идоракунии фаъолияти ҷории ҳаракат, ҳамоҳангсозии сохторҳо, таҳияи барномаҳо ва қабули қарорҳои ташкилӣ аз худ ҳамчун як шахси масъулиятшинос дарак дод.
РОҲБАРӢ
Исломҷон Саидов дар фаъолияти худ ба низоммандӣ, таҳқиқ, масъулият ва натиҷагирӣ аҳамияти махсус медиҳад. Ӯ мекӯшад, ки пеш аз қабули қарор масъалаҳоро аз чанд ҷониб омӯзад, маълумоти заруриро ҷамъоварӣ кунад ва паёмадҳои эҳтимолии тасмимро бисанҷад.
Мутолиаи пайваста бахши муҳими фаъолияти зеҳнии ӯ мебошад. Ӯ ба омӯзиши таърихи Ислом, таърихи ҷаҳон ва таҳаввулоти сиёсии байналмилалӣ таваҷҷуҳ дошта, рӯйдодҳоро дар робита бо заминаҳо, сабабҳо ва натиҷаҳои онҳо таҳлил мекунад.
Дар муносибатҳои корӣ нисбат ба худ ва ҳамкорон серталаб буда, иҷрои дақиқу саривақтии вазифаҳоро муҳим мешуморад. Ҳамзамон, дар муносибатҳои шахсӣ ором, ботамкин ва босабр аст.
Ӯ ба фаъолияти ниҳодӣ бартарӣ дода, бар он назар аст, ки кори ташкилӣ бояд на ба шахсиятҳои алоҳида, балки ба сохторҳои устувор, қонунмандӣ, тақсими дурусти вазифаҳо ва ҷавобгарии мушаххас такя кунад.
Дар иҷрои вазифаҳо пайгир буда, ҳангоми зарурат барои анҷом додани кор ба сафар мебарояд ва масъулияти гирифтаашро то марҳилаи ниҳоӣ идома медиҳад. Таҷрибаи фаъолияти ӯ дар солҳои муҳоҷират ва буҳронҳои сиёсиву ташкилӣ қобилияти ҳамоҳангсозӣ, идоракунии гурӯҳ ва нигоҳ доштани фаъолияти сохториро тақвият додааст.
ДИДГОҲ ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Дар меҳвари дидгоҳи Исломҷон Саидов таҳкими ягонагӣ, рушди ниҳодҳо, пайванди наслҳо ва омода кардани кадрҳои нав қарор доранд.
Ӯ пайвастани таҷрибаи насли калонсолро бо дониш, нерӯ ва шуҷоати ҷавонон муҳим мешуморад. Ба назари ӯ, рушди устувори ҳаракат аз тарбияи фаъолони нав, омӯзиши пайваста, корҳои фикрӣ ва маърифатӣ ва омода кардани мутахассисони масъул вобаста аст.
Дар самти корҳои илмӣ ва маърифатӣ ташкили барномаҳои омӯзишӣ, баргузории суҳбатҳои мунтазам, таҳияи мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ, тарҷумаи осори муосир ва дастгирии ҷавонон барои ворид шудан ба соҳаҳои илму донишро зарур медонад.
Исломҷон Саидов фаъолияти роҳбариро пеш аз ҳама масъулият медонад, ки масъулияти ҳифзи ҳамбастагӣ, таҳкими сохторҳо, қабули қарорҳои санҷидашуда ва посухгӯӣ дар баробари натиҷаи кор аст.