Ҷалолиддини Маҳмуд

  • Home
  • -
  • Ҷалолиддини Маҳмуд

Ҷалолиддини Маҳмуд

Ҷалолиддин Бурҳониддинович Маҳмудов, маъруф ба Домулло Ҷалолиддини Маҳмуд, рӯҳонӣ, донишманди улуми исломӣ, сиёсатмадор ва аз собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло НИТ) буд. Ӯ дар давраҳои гуногун узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ, муовини раиси ҳизб, мушовири раиси ҳизб, масъули сохторҳои минтақавии он ва намояндаи ҲНИТ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ба ҳайси намояндаи мухолифин дар сохторҳои назорати оташбас фаъолият кардааст.

Ҷалолиддини Маҳмуд 15 феврали соли 1960 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ҳисор дар хонаводаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Падараш Мулло Бурҳониддин аз шахсони диндор ва огоҳи улуми динӣ будааст. Тибқи маълумот, падари ӯ моҳи январи соли 1993, дар айни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, тавассути силоҳбадастон кушта шудааст.

Фаъолияти динӣ ва ҷойгоҳ дар ҲНИТ

Ҷалолиддини Маҳмуд дар муҳити ҲНИТ пеш аз ҳама ҳамчун шахси огоҳ аз фиқҳ ва дигар улуми исломӣ шинохта мешуд. Ӯ доираи васеи мутолиоти динӣ дошт ва дар масоили гуногуни шаръӣ назарҳои худро бо истинод ба Қуръон, ҳадис ва адабиёти фиқҳӣ баён мекард.

Дар давраи роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва баъд аз даргузашти ӯ низ Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҷумлаи шахсоне буд, ки раҳбарон ва фаъолони ҲНИТ дар масъалаҳои динӣ ва фиқҳӣ ба андешаи ӯро мепурсиданд. Дар дохили ҳизб ӯ танҳо ҳамчун сиёсатмадор не, балки ҳамчун яке аз донишмандони динии бонуфуз шинохта мешуд.

Ӯ инчунин ҳалқаҳои дарсӣ ва машғулиятҳои динӣ баргузор мекард. Ба гуфтаи ҳамсафонаш, ин дарсҳо ҳам аз ҷиҳати шумораи иштироккунандагон ва ҳам аз лиҳози муҳтаво мавқеи хос доштанд.

Дар баробари фаъолияти сиёсиву динӣ, ӯ ба кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва дар баъзе давраҳо мусофиркашонӣ низ машғул мешуд.

Нақш дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди сулҳ

Яке аз марҳилаҳои муҳими фаъолияти Ҷалолиддини Маҳмуд ба солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост меояд.

Соли 1995, вақте дар кишвар ҳанӯз даргириҳои мусаллаҳона идома доштанд, ӯ ҳамчун намояндаи ҷониби мухолифин ва узви сохтори назорати оташбас ба Душанбе омад. Баъд аз рабудан ва кушта шудани Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмон, ки роҳбарии нахустини ҳайати мухолифин дар комиссияи оташбасро бар уҳда дошт, Ҷалолиддини Маҳмуд масъулияти роҳбарии намояндагони мухолифинро дар ин ниҳод ба дӯш гирифт.

Ҳамин вазифа ӯро ба яке аз чеҳраҳое табдил дод, ки пеш аз анҷоми расмии ҷанги шаҳрвандӣ барои назорати оташбас ва коҳиши даргириҳо дар дохили Тоҷикистон фаъолият мекарданд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҷалолиддини Маҳмуд фаъолияти худро дар сохторҳои сиёсии баъдиҷангӣ идома дод.

Боздошти аввал — феврали соли 2015

Рӯзи 11 феврали соли 2015 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тавассути хабаргузории давлатии «Ховар» аз боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд хабар дод.

Аз муҳтавои ҳамон баёния бармеояд, ки ӯ эҳтимолан 10 феврали соли 2015, яъне як рӯз қабл, барои бозпурсӣ ба КДАМ даъват шуда, дигар ба хона барнагаштааст.

Мақомоти амниятӣ хабар доданд, ки ду рӯз пеш аз интишори баёния дар манзили Латиф Сардоров дар ноҳияи Ҳисор ду таппончаи Макаров, чаҳор тирдон, 51 тир ва як василаи таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо шудааст.

КДАМ иддао мекард, ки силоҳ ба Ҷалолиддини Маҳмуд тааллуқ дошт ва ӯ онро соли 1996 барои пинҳон кардан ба Сардоров додааст. Мақомот ҳамчунин мегуфтанд, ки Маҳмуд соли 2012 аз Сардоров хостааст аслиҳаро ҳифз кунад, зеро мумкин аст дар оянда лозим шавад.

ҲНИТ ин тафсирро рад карда, боздошти Ҷалолиддини Маҳмудро дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2015 дорои ангезаи сиёсӣ медонист.

Баъдан додгоҳ Ҷалолиддини Маҳмудро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ба 5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Озодӣ дар моҳи апрели соли 2019

Пас аз тақрибан чаҳор соли зиндон, Ҷалолиддини Маҳмуд бар асоси қонуни афв пеш аз анҷоми муҳлати пурраи ҷазо озод шуд.

Писараш Сайфиддин Ҷалолиддинзода ҳамон замон хабар дода буд, ки падараш рӯзи 4 апрели соли 2019 аз зиндон раҳо шуда, ба назди хонавода баргашт.

Хабари озодии ӯ рӯзи 5 апрели соли 2019 дар расонаҳо нашр гардид.

Боздошти дувум — 3 августи соли 2020

Озодии Ҷалолиддини Маҳмуд дер давом накард. Рӯзи 3 августи соли 2020 ӯро дубора аз манзилаш дар деҳаи Чуқураки Ҳисор барои бозпурсӣ бурданд.

Баъди чанд соат кормандони мақомот манзили ӯро кофтукоб карда, бархе аз китобҳояшро низ мусодира намуданд.

Дар моҳҳои аввали баъди боздошт мақомот дар бораи парвандаи нав тафсилоти кам пешниҳод мекарданд.

Баъдан маълум шуд, ки Маҳмуд ва шаш нафари дигар бар асоси моддаи 307 ба кӯшиши аз нав ташкил кардани сохтори ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Дар он замон фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнуъ буд.

Мақомот иддао мекарданд, ки онҳо дар талоши аз нав фаъол кардани сохтори ҳизб буданд. Нозирон ва ҷонибдорони Ҷалолиддини Маҳмуд ин иттиҳомро беасос медонистанд ва мегуфтанд, ки яке аз заминаҳои аслии парванда гирифтани кумаки молӣ аз ҳамсафони собиқ дар хориҷ будааст.

Дар ҷараёни тафтиш, ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Ҷалолиддини Маҳмуд борҳо аз муфаттишон хоҳиш кардааст, ки масъулияти эҳтимолиро ба дӯши ӯ гузоранд, вале ҳамроҳонашро, ки ба гуфтаи ӯ гуноҳе надоштанд, озод кунанд.

Рӯзи 20 декабри соли 2020 расонаҳо хабар доданд, ки ӯ ба 6 солу 8 моҳи зиндон дубора маҳкум шудааст.

Бад шудани вазъи саломатӣ дар зиндон

Дар солҳои адои ҳукми дувум саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд ба таври ҷиддӣ бад шуд.

Рӯзи 31 марти соли 2023 хабар дода шуд, ки ӯ дар беморхонаи маҳбас бистарӣ аст ва аз чанд бемории сангин ранҷ мебарад.

Тибқи маълумоти нашршуда аз ҷониби наздикон ва фаъолоне, ки вазъи ӯро пайгирӣ мекарданд, дар он марҳила:

  • дар шуши ӯ моеъ ҷамъ шуда буд;
  • бо мушкили ҷиддии ҷисмонӣ дар ноҳияи шикам ва узвҳои поёнӣ рӯбарӯ буд;
  • фишори хунаш то ҳудуди 200 боло мерафт;
  • як гӯшаш пурра қобилияти шунавоиро аз даст дода, бо гӯши дигар танҳо тавассути дастгоҳи шунавоӣ мешунид.

Ҳамчунин иддао мешуд, ки ӯ ба табобати берун аз низоми зиндон ниёз дорад, вале барои интиқол ба беморхонаи ғайризиндонӣ иҷоза дода намешавад.

Даргузашт дар зиндон

Ҷалолиддини Маҳмуд дар моҳи августи соли 2023, дар синни 63-солагӣ, дар зиндон даргузашт.

Раёсати Олии ҲНИТ рӯзи 13 августи соли 2023 бо нашри баёния аз марги ӯ хабар дода, ба хонавода ва ҳамсафонаш изҳори таслият кард.

Ҳамон рӯз навори берун овардани ҷасади ӯ аз зиндон ва бор кардани он ба мошин дар интернет паҳн шуд.

Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ҷаноза ва дафни ӯ рӯзи якшанбе, 13 августи соли 2023, дар деҳаи Чуқураки ҷамоати Навободи шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Ҷойгоҳ дар таърихи сиёсии ҲНИТ

Фаъолияти Ҷалолиддини Маҳмуд чанд давраи муҳими таърихи Тоҷикистони муосир ҷанги шаҳрвандӣ, гуфтушунид ва назорати оташбас, раванди сулҳи солҳои 1990, фаъолияти қонунии ҲНИТ, иштирок дар сохторҳои интихоботии давлатӣ, боздоштҳои сиёсиву туҳматҳо ва солҳои тӯлонии зиндонрро дар бар мегирад.

Ӯ дар ҲНИТ ҳамзамон ду ҷойгоҳ дошт, аз як тараф, сиёсатмадор ва узви роҳбарияти ҳизб буд, аз тарафи дигар ҳамчун донишманди фиқҳ ва шахсе, ки дар масъалаҳои динӣ мавриди муроҷиати раҳбарони ҳизб қарор мегирифт, эътибор дошт.

Дар ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоии худ низ зиндагии нисбатан сода дошт. Марги ӯ дар зиндон дар августи соли 2023 ба зиндагии шахсе нуқта гузошт, ки аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то даҳаи сеюми асри XXI дар равандҳои сиёсӣ ва динии Тоҷикистон ҳузур дошт.