Мадисо Ҷомиев, то зиндонӣ шуданаш раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Шӯрообод буд.
Уро замони раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Шӯрообод буданаш бо ҷурмҳои сохтаву бофта чандин маротиба мақомот фишор оварда буданд. Яке аз машҳуртарин ҷурме, ки ба ӯ соле пеш аз мамнӯъ эълон шудани ҳизб часпонида буданд, ин буд, ки нозироти андози ноҳияи Шуробод ӯро дар истифодаи манзилаш ҳамчун дафтари ҳизб айбдор карда ӯро ҳамон вақт 12000 сомонӣ ҷарима карда буд.
Ҷаримабандии Ҷомиев дар ҳоле буд, ки мақомоти маҳаллӣ дар бархе навоҳии кишвар ҳамон замон ба баргузории ҷаласаҳои ҳизб халал расонда, масъулини бахшҳои онро баҳудаву беҳуда мавриди бозҷӯӣ қарор медоданд ва қароргоҳҳои ҲНИТ дар минтақаҳо ва ноҳияҳоро тахриб мекарданд.
Ниҳоят баъди мамнуъ эълон шудани ҲНИТ дар қатори дигар роҳбарон ва фаолони ҳизб Мадисо Ҷомиев низ равонаи зиндон мешавад.