Мирзоолим Холов санаи 1 январи соли 1960 дар оилаи деҳқон дар ноҳияи Куҳистони Масчоҳ ба дунё омадааст. То зиндонӣ шуданаш раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ буд. Аз соли 2013 ба узвияти Шӯрои сиёсии вилояти Суғд интихоб шудааст.
Маълумот: соли 1979 литсей-техникумро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ: аз соли 1997 то соли 2010 ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёнаи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ фаъолият намудааст.
Фаъолияти сиёсӣ: яке аз нахустин аъзои ҳизб дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ва роҳбари бахши ҳизб дар ноҳияи мазкур буд. Ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ озодона суҳбат мекунад. Оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Боздошт: 23 сентябри соли 2015 кормандони КДАМ Мирзоолим Холовро бо иттиҳоми иртибот доштан ба гурӯҳи генерал Назарзода боздошт намуданд. ҲНИТ ин иттиҳомро қатъиян рад мекунад.
Мирзоолим Холов дар мурофиаи пӯшида бо иттиҳомҳои сохта ва беасос ба 16 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидааст.