Мирзоқул Ҳоҷиматов

  • Home
  • -
  • Мирзоқул Ҳоҷиматов

Мирзоқул Ҳоҷиматов

Мирзоқул Ҳоҷиматов, маъруф ба Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, пизишки тоҷик ва яке аз раҳбарони пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд аст. Ӯ дар гузашта ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт, масъули кадрсозӣ ва интихобот, масъули ҳуқуқ ва муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд фаъолият кардааст. Ҳоҷиматов соҳиби панҷ фарзанд буда, ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад.

Ҳоҷиматов яке аз таббибони машҳур дар вилояти Суғд буда, солҳои зиёд дар соҳаи тиб фаъолият дошт. То соли 2017 дар Бемористони марказии ноҳияи Ашт кор мекард ва баъдан барои кору зиндагӣ ба Русия рафт. Аз соли 2019 дар вилояти Тюмени Русия зиндагӣ карда, дар он ҷо низ ба ҳайси пизишк фаъолият дошт.

Соли 2015  пеш аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон гардид ва ӯ бо мақомоти Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ надошт ва ҳатто ба кишвар рафтуомад мекард.

Дар давраи паҳншавии бемории COVID-19 Мирзоқул Ҳоҷиматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол шуд. Ӯ дар Фейсбук дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус ва масъалаҳои вобаста ба саломатӣ машваратҳои тиббӣ медод.

Рӯзи 4 феврали соли 2021 Ҳоҷиматов аз Русия барои дидорбинии наздиконаш ба Тоҷикистон меравад. Қарор буд рӯзи 19 феврал ба Русия баргардад, аммо натавонист кишварро тарк кунад. Баъдан алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Рӯзи 22 майи соли 2021 Мирзоқул Ҳоҷиматов дар ноҳияи Ашт боздошт шуд. Ӯ бар асоси қисми 2-и моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба узвият дар созмони мамнуъ муттаҳам гардид.

Худи Ҳоҷиматов иттиҳомро қабул надошт ва ҳангоми бозпурсӣ гуфта буд, ки дигар фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои пешини ҲНИТ дар иртибот нест. Пайвандонаш низ парвандаро беасос медонистанд ва таъкид мекарданд, ки ӯ ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 аз ҲНИТ хориҷ шуда буд.

Рӯзи 1 июни соли 2021 ҳукми Мирзоқул Ҳоҷиматов дар бинои боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд эълон гардид. Ӯ бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъ ба панҷ соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.

Пайвандони Ҳоҷиматов баъдан ба расонаҳо гуфтанд, ки яке аз далелҳои асосии парванда алайҳи ӯ ба навиштаҳояш дар Фейсбук марбут будааст. Радиои Озодӣ низ хабар дода буд, ки наздиконаш аз як навиштаи ӯ дар Фейсбук ҳамчун далели мавриди истифода дар парванда ёд кардаанд.

Созмони Human Rights Watch низ парвандаи Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро дар гузориши худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр кардааст. Ин созмон навиштааст, ки ӯ соли 2015 аз ҲНИТ канорагирӣ карда, аз соли 2019 дар Русия зиндагӣ мекард ва баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2021 нахуст аз тарки кишвар маҳрум ва баъдан боздошт шуд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад баъди аъдои ҷазо ба Русия баргашта, боз машғули кор дар яке аз бемористони вилояти Тюмени Федератсияи Русия мебошад.