Мирзошариф Наимов омӯзгор, фаъоли ҷамъиятӣ ва аз аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон буд.
Мирзошариф Наимов соли 1944 дар оилаи деҳқон, дар ҷамоати Даҳанишолии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Соли 1970 литсей-техникумро хатм карда, баъдан ҳамчун омӯзгор фаъолият намудааст.
Наимов дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ низ машғул шуда, яке аз аъзои фаъоли ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг ба шумор мерафт. Соли 2010 ба узвияти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар вилояти Хатлон интихоб шуда, ҳамзамон роҳбарии бахши ҳизб дар ноҳияи Ховалингро ба уҳда гирифт.
Мирзошариф Наимов забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ-ро медонист. Ӯ оиладор ва соҳиби ҳафт фарзанд аст.
Боздошт ва маҳкумият
Моҳи сентябри соли 2015, дар ҷараёни боздошти гурӯҳе аз аъзову фаъолони ҲНИТ, Мирзошариф Наимов низ рӯзи 22 сентябри соли 2015, рӯзона дар манзили худ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд.
Мақомот ӯро ба даст доштан дар фаъолияти гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд. ҲНИТ ин иттиҳомро қатъиян рад мекард. Баъдан Мирзошариф Наимов ба 10 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид.