Наимҷон Самеев

  • Home
  • -
  • Наимҷон Самеев

Наимҷон Самеев

Наимҷон Абубакрович Самеев, маъруф ба Домулло Наимҷон, соли 1962 таваллуд шудааст. Ӯ сиёсатмадор ва аз фаъолони собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд буда, солҳои тӯлонӣ дар фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятии минтақа иштирок кардааст.

Наимҷон Самеев солҳои 2000–2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд буд.

Солҳои 2008–2013 ӯ роҳбарии шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Баъдан то соли 2014 фаъолияти худро ҳамчун роҳбари бахши ноҳиявии ин ҳизб идома дод.

Соли 2014 Наимҷон Самеев Тоҷикистонро тарк карда, ба Русия рафт ва то замони боздошташ дар он кишвар зиндагӣ мекард.

Наимҷон Самеев рӯзи 30.11.2018 дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон, аз тарафи мақомоти Русия боздошт шуд ва ӯ рӯзи 04.12.2019 бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Маскав ба Душанбе ба таври машкук интиқол дода шуд. Пас аз боздошт ва интиқол ба Тоҷикистон парвандаи ӯ мавриди баррасии додгоҳ қарор гирифт. Рӯзи 9 апрели соли 2019 мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои баста баргузор шуд. Наздикон ва пайвандони Самеев ба мурофиа, аз ҷумла ба қироати ҳукм роҳ дода нашуданд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Наимҷон Самеев 27 соли маҳрумият аз озодӣ талаб карда буд. Додгоҳ дар ниҳоят ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

ҲНИТ, ки ҷаноби Самеев яке аз аъзои аршади он буд, бо интишори баёнияе интиқоли ӯ ба Тоҷикистонро одамрабоӣ ва иттиҳомот алайҳи ӯро дурӯғ ва туҳмат номид.