Нуриддин Маҳкамов соли 1955 дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии политехникии Душанбе аст. Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.
Нуриддин Маҳкамов, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, ки сарнавишти ӯ ба рамзи муборизаи вакилони мудофеъ бо беадолатиҳои низоми судии Тоҷикистон табдил ёфтааст, моҳи октябри соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. Маҳкамовро, монанди ҳамкори дигараш Бузургмеҳр Ёров, бо иттиҳомоти сохтаву дорои ангезаҳои сиёсӣ гунаҳгор донистанд. Бар асоси моддаҳои 307, 307¹ ва 189-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо айбномаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ”, ӯ ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст.
Пеш аз боздошт, Нуриддин Маҳкамов дар Коллегияи адвокатҳои «Сипар» фаъолият дошт ва ният дошт аз ҳуқуқҳои ҳамтои худ, адвокати машҳур Бузургмеҳр Ёров, ки ҳамзамон ҳини дифоъ аз ҳуқуқи роҳбарияти ҲНИТ дастгир шуда буд, дифоъ кунад. Вале мақомоти масъул ба ӯ ордери адвокатӣ надоданд ва бо ин роҳ монеъи иҷрои касбиаш шуданд.
Дар суханронии охирини худ дар додгоҳи шаҳри Душанбе (20 сентябри соли 2016) ӯ ҳама гуна иттиҳомоти ифротгароиро қатъиян рад кард. Маҳкамов изҳор дошт, ки ҳаргиз бо гурӯҳҳои ифротгаро робита надошта, балки танҳо ҳамчун шаҳрванди оддӣ андешаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён кардааст.
Соли 2019 Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии Нуриддин Маҳкамовро талаб карданд. Бо вуҷуди ин, ӯ то ба ҳол ҳукми вазнинро дар зиндони низомаш сангини Муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия адо мекунад.