Қиёмиддин Авазов

  • Home
  • -
  • Қиёмиддин Авазов

Қиёмиддин Авазов

24-уми июни соли 1973 дар деҳаи 1-уми Майи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Рӯзи 16-уми сентябри соли 2015,  айёми саркӯби густардаи ҲНИТ, Қиёмиддин аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар манзили шахсиаш дар шаҳри Душанбе боздошт гардид ва баъдан ҳамон сол ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Қиёмиддин Авазов бо ҳукми додгоҳ ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба ӯ айбномаҳои зерин нисбат дода шуданд:

  • моддаи 187, қисми 1 ва 2 — ташкил ва иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ,

  • моддаи 189, қисми 3, банди «а» — барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, минтақавӣ ва мазҳабӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил,

  • моддаи 307, қисми 3 — даъватҳои ошкоро ба тағйири сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ, ки бо супориши ташкилотҳои душманона ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шудааст,

  • моддаи 131, қисми 3, банди «а» — маҳрум сохтани ғайриқонунии шахс аз озодӣ бо иштироки гурӯҳи муташаккил,

  • моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 309.

Қиёмиддин Авазов, сиёсатмадори маъруфи тоҷик,  солҳои зиёд дар сохторҳои гуногуни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ пеш аз боздошт ва зиндонӣ шуданаш раиси шуъбаи ҳизб дар шаҳри Душанбе буд. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси раҳбари бахши ҷавонон ва варзиш, корманди дастгоҳи марказӣ  кор кардааст.  Қиёмиддин узви Раёсати олии ҲНИТ низ буд.

Пас аз хатми мактаби миёна, Қиёмиддин роҳи илмро дар хориҷ идома дода, соли 2002 Донишкадаи исломии Либияро дар бахши забон ва адабиёти араб ба итмом расонид. Баъдан, таҳсилашро дар Ватан идома дода, дипломи магистратураи факултаи иқтисод ва идораро аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дарёфт намуд.

Фаъолияти сиёсӣ

Аз айёми ҷавонӣ ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваста,  пас аз хатми таҳсилоти олӣ (2003–2005) масъули бойгонии дастгоҳи марказии ҲНИТ буд. Солҳои 2006–2007 ӯ ба ҳайси ёвари раиси дастгоҳ фаъолият кард. Дар солҳои 2008 то 2012, роҳбарии шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ ба ӯ вогузор гардид.

Соли 2012 Қиёмиддин ба мақоми муовини раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе интихоб шуд ва аз аввали соли 2014 то замони боздошт, роҳбарии шуъбаи ҳизбро дар пойтахт бар ӯҳда дошт.

16-уми сентябри соли 2015 мақомоти амниятӣ ӯ ва 12 нафари дигар аз масъулони аршади ҲНИТ-ро бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи генерал Назарзода боздошт карданд.

Зиндагии шахсӣ

Қиёмиддин Авазов донандаи забонҳои арабӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Ӯ оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.