Қурбон Манонов (соли таваллуд 1942) сиёсатмадор ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, раиси ҲНИТ дар шаҳри Норак буд. Солҳо ӯро ба ниҳодҳои давлатӣ даъват мекарданд, фишор меоварданду таҳқир менамуданд.
Қурбон Маннонов рӯзи 19 августи соли 2015 аз ҷониби мақомоти интизомии шаҳри Норак боздошт шуда, то рӯзи 28 август на адвокат ва на хешону наздиконаш огаҳӣ надоштанд, ки ӯ чӣ гуноҳ дорад. Дар суханрониҳояш аз минбари ҲНИТ ӯ чандин маротиба изҳор дошта буд, ки ӯро ба КДАМ даъват кардаву талаб кардаанд, ки аз сафи ҲНИТ хориҷ шавад. КДАМ чандин бор таҳдид карда буд, ки дар сурати аз ҲНИТ хориҷ нашуданаш, барояш чандин ҷурмҳои сохтаро месозанд ва ҳабсаш мекунанд. Аммо Қурбон Маннонов, дар як изҳороташ гуфта буд, ки то ҷон дар тан дорам узви ҳамин ҳизб ва хидматгори Ислом мемонам.
Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 17-уми феврали соли 2016 ҳукми худ дар нисбати 13 тан аз сокинони шаҳри Норакро, ки барои барафроштани парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” муттаҳам мешуданд, эълон кард ва ин 13 нафар аз 10 то 25 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Дар байни ин 13 нафар яке аз онҳо пирамарди 74- сола Қурбон Маннонов буд.
Қурбон Маннонов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳраки Норак, дар зиндони рақами 1, Советский, санаи 16 августи соли 2016 дар сини 75 солагӣ ҷон ба ҳақ супорида ба шаҳодат расид.
Тули чанд рӯзи охири ҳаёташ вазъияти саломатиаш ваҳим буда гоҳ гоҳ хун қайд мекардааст. Чандин маротиба хоҳиши интиқол доданаш ба беморхонаро кардааст, вале ин хоҳиши уро масъулини зиндон ба инобат нагирифтаанд.