Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 5-уми июни соли 1958 дар деҳаи Такназари ноҳияи Файзобод дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1975, таҳсилро дар Институти педагогии Душанбе идома дода, солҳои 1976–1978 хизмати ҳарбиро дар Олмон адо намудааст. Ӯ соли 1990 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст.
Фаъолияти кории ӯ бештар дар ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои иҷтимоиву сиёсӣ сурат гирифтааст. Аз соли 1978 то оғози солҳои 90-ум дар Кумитаи давлатии статистикаи Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини сардори Раёсати молиявӣ фаъолият кардааст. Соли 1992 ба рӯзноманигорӣ рӯ оварда, дар нашрияҳои «Чароғи рӯз», «Суруш», «Миллат» ва ҳамчунин дар телевизиону марказҳои иттилоотӣ кор кардааст. Аз соли 2004 ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваста, минбаъд дар бахшҳои интихоботӣ ва иттилоотии ҳизб вазифаҳои роҳбарикунанда ба уҳда дошт. То замони боздошт узви Раёсати олии ҲНИТ ва раиси бахши ноҳияҳои тобеи марказ буд.
Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 15-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Як рӯз пеш ӯ ният дошт барои сафари корӣ ба Русия сафар кунад, вале мақомот ӯро аз парвоз боздошт карданд. Баъди боздошт, ӯ зери бозпурсӣ ва таҳқиқоти махфӣ қарор гирифт.
Соли 2016 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ӯро бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ, даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯроварӣ, одамкушӣ, терроризм ва исёни мусаллаҳона гунаҳкор донист ва ба 28 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.
Айни замон Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб дар Муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и Вазорати адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, адои ҷазо мекунад. Ӯ оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд мебошад.