Рустам Эмомов узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аст. Ӯ соли 1972 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Рӯзи 22 сентябри соли 2015 Рустам Эмомов боздошт шуд. Боздошти ӯ дар моҳи сентябри соли 2015, дар давраи боздошти гурӯҳе аз аъзо ва фаъолони ҲНИТ, сурат гирифт.
Баъдан парвандаи Рустам Эмомов мавриди баррасии додгоҳ қарор гирифта, бидуни ҳеҷ ҷурме ӯ ба 17 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид.