Рустам Саъдуддин Темурович маъруф ба Домуло Саъдуддини Рустам, узви Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва мушовири раиси ин ҳизб дар умури фарҳангӣ, дар соли 1956 дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт (Ғарми собиқ) таваллуд ёфтааст. Вай оиладор ва соҳиби 7 фарзанд мебошад.
Нерӯҳои амниятии режими Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 23 сентябри соли 2015 дар қатори соири раҳбарони ҲНИТ Домулло Саъдуддинро ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар ошӯби шаҳид генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт ва сипас барои муддати 20 сол равонаи зиндон карданд. Иттиҳоме, ки ҲНИТ ба шиддат онро рад мекунад.
Домулло Саъдуддин таълимоти аввалияи динии худ (сарф, наҳв ва фиқҳу ҳадис)-ро дар назди домуллоҳои машҳури кишвар фаро гирифтааст. Ӯ тафсир, адаб, балоғат ва таърихро назди устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (р) комил кардааст.
Домулло Саъдуддини Рустам дар корномаи зиндагиаш нишебу фарозҳои зиёдеро пушти сар карда ва ба қавле дар хеле аз дидгоҳҳо ва изҳори назарҳои худ борҳо таҷдиди назар намудааст. Дар баъзе мавридҳо низ бархе изҳори назарҳояш “баҳсбарангез” ҳам шудааст. Аммо дар боби доштани санъати суханравӣ ҳама дусту душаманонаш содиқона эътироф мекунанд, ки вай суханвар аст!
Вай доштани пайванди муҳкаме бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои худ ифтихор медонист ва барои ин ифтихороти худ борҳо подошҳои сангине ҳам пардохт кардааст.
Вай бар иловаи доштани донишҳои хуби динӣ ва дунявӣ яке аз пешгомони санъати суханварӣ низ дар Тоҷикистон мебошад.
Домулло Саъдуддини Рустам дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ба хусус, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва ҳине, ки даъватгарони мазҳабӣ озодона аз минбарҳои мухталиф кори худро оғоз карда буданд, ӯ яке аз беҳтаринҳо буд.
Пас аз оғози ҷангҳои хонумонсӯзи Тоҷикистон ӯ яке замоне боздошт ва зиндонӣ ҳам шуда буд. Домулло Саъдуддин дар ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 дар масири Куҳистони Масчоҳ аз тарафи кормандони амниятии ноҳияи Айнӣ боздошт ва баъдан дар як муъомилаи табодули асирони режими “Раҳмон”, ҳамроҳ бо чанде аз шахсиятҳои тарфдори озодӣ ва адолат, бо ҷангандаҳои Фронти халқӣ мубодила шуданд.
Вале бо ин вуҷуд, касоне ҳам дар баданаи ҳукумат буданд, ки содиқона ба маҳоратҳои домулло Саъдуддини Рустам тан дода, дар бахши санъати суханварӣ ӯро яке аз пешгомони ин санъат дар Тоҷикистон эътироф мекарданд.
Домулло Саъдуддини Рустам дар роҳи худ ва ба арзишҳои худ пойбанд монд ва дарсҳо ва даъватҳояшро ҳам идома медод, то он, ки дар сентябри соли 2015 боздошт ва бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.