
Саид Абдуллоҳи Нурӣ
Муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, меъмори сулҳи тоҷикон ва рамзи ваҳдату умед
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (15 марти 1947 – 9 августи 2006) аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи муосири тоҷик аст, ки номаш бо сулҳ, ваҳдат ва ҳидоят пайванд хӯрдааст. Ӯ муассис ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, раиси Комиссияи оштии миллӣ ва аз олимони илоҳиёт буд. Дар саҳфаи таърихи миллат, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон ва рамзи ваҳдату умед боқӣ мондааст.

Кӯдакӣ ва таҳсил
Саид Абдуллоҳи Нурӣ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Тавилдара (имрӯз Сангвор) ба дунё омад. Кӯдакияш дар хонаводаи мазлуму пурмеҳр сипарӣ шуд. Падараш – Нуриддин Саидов – шахси боэҳтиром буд, ки дар тарбия ва ифтихори фарзандон саҳми бузург гузошт.
Соли 1953, бо барҳам задани ноҳияи Сангвор, оилааш ба водии Вахш кӯчонда шуд. Ҳар ҷое, ки зиндагӣ мекарданд, Нурӣ рӯҳияи донишандӯзӣ ва адолатхоҳиро бо худ мебурд.
Ӯ мактаби миёнаро дар ноҳияи Вахш хатм кард ва ҳамзамон аз уламои маъруфи давр — Сиёмиддин Наҷмиддинов ва Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон маъруф ба Ҳиндустонӣ — улуми исломӣ, аз ҷумла сарфу наҳв, мантиқ, фиқҳ ва тафсирро омӯхт. Илм барои ӯ на танҳо василаи дониш, балки роҳе ба сӯи хирад ва масъулияти иҷтимоӣ буд.

Фаъолияти корӣ
Пас аз хатми курси муҳандисӣ дар Қӯрғонтеппа, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳайси муҳандиси геодезӣ ба кор шурӯъ кард ва қариб ду даҳсола бо садоқат дар ҳамин вазифа хизмат намуд. Ин таҷриба аз ӯ инсоне сохт, то тавонад ҳама корро бо дақиқӣ, ростқавлӣ ва бо масъулият анҷом диҳад.

Мубориза ва зиндон
Бо вуҷуди маҳдудиятҳои шӯравӣ, соли 1973 бо гурӯҳи ҳамфикрон ҳаракати «Наҳзати ҷавонон»-ро таъсис дод. Ин тухмии хурд дертар ба дарахти пурқуввати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон табдил ёфт.
Моҳи июни соли 1986 устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба иттиҳомҳои сиёсӣ дастгир шуд. Соли 1987 ӯро ба як солу ним зиндон маҳкум карданд ва ба маҳбасҳои Сибир ва Шарқи Дур фиристоданд. Зиндони ноодилона натавонист иродаи ӯро бишканад. Баръакс, ӯро ба инсоне табдил дод, ки бо сабр, имон ва хирад мубориза бурда родмардони дигаре атрофаш ҷамъ овард.

Сулҳ ва роҳбарӣ
Солҳои 1989–1992 Нурӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари Ислом» буд ва ҳамин вақт роҳбари ғайрирасмии ҲНИТ гардид. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд ба Афғонистон ҳиҷрат кунад ва роҳбари мухолифин шавад.
Ӯ сулҳро болотар аз ҳар чиз медонист. Аз соли 1994 то 1997 бо Эмомалӣ Раҳмон ҳафт маротиба мулоқот кард. Ин гуфтугӯҳои таърихӣ бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар Маскав ба анҷом расиданд.
Нурӣ баъдан раиси Комиссияи оштии миллӣ шуд ва роҳбарии баргардонидани гурезаҳо, муттаҳидсозии ҷомеа ва татбиқи сулҳро бар дӯш гирифт.

Мерос ва осор
Аз соли 1999 то вафоташ раиси ҲНИТ буд. Зери роҳбарии ӯ, ҳизб на танҳо ба як созмони сиёсӣ, балки ба як мактаби ахлоқӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфт.
Ӯ муаллифи осори арзишманд аст:
Имрӯзу фардои Тоҷикистон (2000)
Дар он сӯи сиёсат (2001)
Оштинома (2001)
Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом (2001)
Истиқлол чӣ мафҳум дорад? (2001).

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои саҳмаш дар сулҳу оштӣ, соли 2000 бо ордени Исмоили Сомонӣ сарфароз гардидааст.

Вафот
Саид Абдуллоҳи Нурӣ 9 августи соли 2006 аз бемории саратон дар Душанбе чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ӯ дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда шуд. Гарчанде аз миёни мо рафт, аммо номи ӯ бо сулҳ ва ваҳдатофарӣ абадӣ дар таърих монд.
