Саидумар Ҳусайнӣ

  • Home
  • -
  • Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ

Ҳисайнов Умаралӣ Фаттоҳович, бо номи маъруфи сиёсӣ Саидумар Ҳусайнӣ, 10-уми июни соли 1961 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илм ва файласуф буда, оиладор ва соҳиби 10 фарзанд мебошад. Пеш аз боздошт ҳеҷ гоҳ суд нашуда буд.

Фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ:
Фаъолияти сиёсии ӯ аз солҳои  фаъолияти ғайрирасмии ҲНИТ дар замони Иттиҳоди Шуравӣ оғоз ёфта,  аз соли 1999 дар сохтори гуногуни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) фаъолият намудааст. Дар солҳои 1999–2003 Дабири кул, соли 2003 муовин ва соли 2007 муовини якуми Раиси ҲНИТ интихоб шудааст. Ҳамчунин узви Раёсати олии ҳизб буд ва то соли 2015 дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошт. Аз соли 2010 то соли 2015 Вакили МН МО ҶТ буд.

Боздошт ва муҳокима:
Дар доираи саркӯбҳои сиёсӣ алайҳи ҲНИТ соли 2015, Саидумар Ҳусайнӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. Парвандаи ӯ дар муҳокимаи пӯшида ва бе иштироки расонаҳо баррасӣ шуд.

Айбнома:
Ӯ бар асоси як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид, аз ҷумла:

  • моддаи 187, қисмҳои 1 ва 2 – ташкил ва иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ;

  • моддаи 189, қисми 3, банди «а» – барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, минтақавӣ ва мазҳабӣ бо иштироки гурӯҳи муташаккил;

  • моддаи 307, қисми 3 – даъватҳои ошкоро ба тағйири сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ;

  • моддаи 131, қисми 3, банди «а» – маҳрум сохтани ғайриқонунии шахс аз озодӣ бо иштироки гурӯҳи муташаккил;

  • моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 309, қисми 2, банди «б»;

  • моддаи 199, қисми 4, банди «а, б, в»;

  • моддаи 195, қисми 3;

  • моддаи 104, қисми 2, бандҳои «а, б, ж, з, и, л, м, п»;

  • моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 104, қисми 2 (бо ҳамон бандҳо);

  • моддаи 179, қисми 3, банди «а»;

  • моддаҳои 306, 313, 307 (қисми 1) ва 170.

Ҳукм:
Бо қарори ноодилона, бо туҳмат, аз ҷониби Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидумар Ҳусайнӣ ба ҷазои ҳабси абад маҳкум шудааст.