Шехов Мусо Муҳаммадаминович 6 июли соли 1975 дар деҳаи Орҷоникидзе, Ҷамоати деҳоти Заргар, ноҳияи Бохтар, вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш деҳаи Орҷоникидзе ба анҷом расонд. Соли 1992 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳиҷрат намуд.
Соли 1999 фаъолияти худро дар Комиссияи оштии миллӣ оғоз карда, ба ҳайси масъули ташрифоти Раиси Комиссияи оштии миллӣ, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ифои вазифа намуд.
Аз соли 2001 то соли 2015 ба ҳайси корманди ташрифоти Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кор кард ва сипас ба ҳайси муовини Раиси Дафтари Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ифои вазифа намуд.
Дар пайи рӯйдодҳои моҳи сентябри соли 2015 моҳи октябри ҳамон сол ӯ боздошт шуд ва ба муҳлати ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гардид. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба кӯшиши ғасби қудрат ва ҳамдастӣ дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири мудофиа муттаҳам карданд.
Пас аз сипарӣ кардани солҳои маҳрумият аз озодӣ, соли 2022 муҳлати ҷазояш ба анҷом расид ва аз маҳбас озод шуд.
Феълан Шехов Мусо Муҳаммадаминович ҳамчун паноҳанда дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон зиндагӣ мекунад.