Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоӣ, аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои гуногун ба ҳайси муовини раиси ҲНИТ, раиси дастгоҳи ҳизб, раиси бахши ҲНИТ дар Исфара ва роҳбари шуъбаи интихоботии он фаъолият кардааст. Ҳамчунин узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҳизб буд.
Ӯ соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, дар оилаи косиб ба дунё омада, соли 1978 Донишгоҳи педагогии Душанберо бо ихтисоси муаллими забони англисӣ хатм кардааст. Аз соли 1974 то соли 1994 ҳамчун омӯзгори забони англисӣ фаъолият намуда, ҳамзамон ба омӯзиши улуми динӣ низ машғул буд.
Фаъолияти сиёсиро аз соли 1989 бо пайвастан ба ҲНИТ оғоз кард. Солҳои 1999–2001 роҳбари бахши ҳизб дар Исфара, солҳои 2001–2003 муовини Дабири кули ҲНИТ ва солҳои 2003–2006 муовини раиси ҲНИТ буд. Аз соли 2008 то 2014 вазифаи раиси дастгоҳи марказиро ба уҳда дошт ва аз соли 2014 то замони боздошт, роҳбарии шуъбаи интихоботи ҲНИТ ба ӯ вогузор шуда буд.
Шаби 16-уми сентябри соли 2015 Воҳидхон Қосиддинов ҳамроҳ бо чандин масъули дигари аршади ҲНИТ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Иттиҳоме, ки ба ӯ ва ҳамроҳонаш нисбат дода шуд, (ҳамдастӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода) аз сӯи ҲНИТ ва созмонҳои байналмилалӣ беасос хонда шуд.
Қосиддинов донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ мебошад.
Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар боздошти ӯ ва дигар раҳбарони ҲНИТ-ро худсарона дониста, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки онҳоро фавран озод созад.