Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшинос, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик, аз чеҳраҳои фаъоли собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва узви Шӯрои сиёсиву Раёсати ин ҳизб буд. Ӯ 23 феврали соли 1972 таваллуд шуда, зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин)-и вилояти Хатлон аст.
Фаъолияти касбии Раҳмонӣ бо рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқшиносӣ пайванд дошт. Ӯ дар як маҷаллаи занонаи вобаста ба ҳизб ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият карда, баъдан ҳамроҳ бо чанд нафари дигар маҷаллаи «Наистон»-ро таъсис додааст.
Дар сохторҳои ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ тадриҷан ба мақомҳои баландтар расид. Солҳои 2008–2012 мудири шуъбаи фарҳанг ва муовини роҳбари дастгоҳи ҲНИТ буд. Аз соли 2012 то замони боздошташ дар соли 2015 ба ҳайси мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ фаъолият мекард. Ҳамзамон узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҳизб буд.
Зарафо Раҳмонӣ ба фаъолияти адвокатӣ низ машғул буд ва узви Коллегияи мустақили адвокатҳои шаҳри Душанбе ба шумор мерафт. Дар соли 2015 ӯ ба ҳайси вакили мудофеи Ҷалолиддини Маҳмуд, аз фаъолони ҲНИТ, дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок мекард.
Зарафо Раҳмонӣ се бор, дар солҳои 2005, 2010 ва 2015 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Ӯ ҳамчунин оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст.
Боздошт ва зиндон
Рӯзи 16 сентябри соли 2015 Зарафо Раҳмонӣ ҳамроҳ бо гурӯҳе аз аъзои роҳбарияти ҲНИТ боздошт шуд. Боздоштҳо баъд аз амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода сурат гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистон роҳбарияти ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ин рӯйдодҳо муттаҳам карданд.
Парвандаи Зарафо Раҳмонӣ ва дигар аъзои роҳбарияти ҲНИТ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста баррасӣ шуд. Дар моҳи июни 2016 Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид. Дар миёни аъзои роҳбарияти ҲНИТ, ки дар ин парванда ҳукм гирифтанд, муҳлати ҷазои ӯ аз ҳама кӯтоҳтар буд.
Дар давраи боздошт наздиконаш аз бад шудани вазъи саломатии ӯ хабар дода, аз мушкилоти қалб ва гурдаҳо сухан мегуфтанд.
Моҳи сентябри 2016, тақрибан як сол пас аз боздошт, Зарафо Раҳмонӣ бар асоси қонуни афв аз маҳбас озод гардид.
Пас аз озодӣ Зарафо Раҳмонӣ фаъолияти сиёсии худро идома надод. Ӯ соли 2018 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нияти бозгашт ба сиёсатро надорад ва мехоҳад давраи гузаштаи зиндагии худро пушти сар гузорад.