Зайниддин Юсупов

  • Home
  • -
  • Зайниддин Юсупов

Зайниддин Юсупов

Зайниддин Юсупов пизишк, фаъоли ҷамъиятӣ ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар сохтори сиёсии ин ҳизб дар ноҳияи Фархор фаъолият мекард.

Ӯ соли 1968 дар ноҳияи Фархор, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат карда, дар ҳайати нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмати ҳарбӣ намудааст.

Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанберо хатм кард. Аз ҳамон сол то замони боздошташ дар соли 2015 дар маркази тиббии ноҳияи Фархор кор карда, ҳамчун корманди соҳаи тандурустӣ фаъолият дошт.

Дар баробари фаъолияти пизишкӣ, Юсупов ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ низ машғул буд. Ӯ аз аъзои фаъоли ҲНИТ дар ноҳияи Фархор ба шумор мерафт. Соли 2012 ба узвияти Раёсати ҲНИТ дар ноҳияи Фархор интихоб гардид ва фаъолияти худро дар сохтори маҳаллии ҳизб идома дод.

Дар интихоботи соли 2015 Зайниддин Юсупов ҳамчун номзад ба вакилӣ ширкат кард. Ӯ забонҳои форсӣ ва русиро медонад. Оиладор ва соҳиби фарзанд аст.

Рӯзи 25 сентябри соли 2015 Зайниддин Юсупов ҳангоми дар ҷойи кораш қарор доштан аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомот ӯро ба иртибот бо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода бидуни ҳеҷ асосе муттаҳам карданд.

Баъдан парвандаи Зайниддин Юсупов мавриди баррасии додгоҳ қарор гирифта, ӯ ноодилона ба 10 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид.