САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИЯТИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА ОЛМОН ВА ФАРОНСА:
МУЛОҚОТ БО АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОН ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТ
Рӯзҳои 7–9 ноябри соли 2026 роҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон (НИТ) Исломҷон Саидов бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон қарор дошт. Дар ин сафар роҳбари НИТ-ро Фатҳиддин Усмонзода, роҳбари Маркази таҳлилии НИТ ҳамроҳӣ кард.
Ҳамзамон, муовини аввали роҳбари Наҳзат, Илҳомҷон Ёқубов дар доираи барномаи кории ҳаракат ба Ҷумҳурии Фаронса сафар кард. Ҳадафи ин сафарҳо таҳкими робита бо намояндагиҳои НИТ дар кишварҳои аврупоӣ, мулоқот бо аъзо ва ҷонибдорон, баррасии масъалаҳои ташкилӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи ҳаракат буд.
САФАРИ ИСЛОМҶОН САИДОВ БА ОЛМОН
Сафари серӯзаи Исломҷон Саидов ба Олмон рӯзи 7 ноябр аз шаҳри Дортмунд оғоз ёфт. Дар фурудгоҳи ин шаҳр роҳбари Наҳзат ва ҳайати ҳамроҳашро намояндагони созмон ва гурӯҳе аз ҳамватанони муқими Олмон истиқбол гирифтанд.
Пас аз истиқбол ҳайат ба шаҳри Бохум сафар кард.. Дар идомаи барномаи рӯз, бо тоҷикони муқими Бохум ва ҳамватаноне, ки аз шаҳрҳои дигар барои мулоқот омада буданд, дидору гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти Наҳзат, вазъи аъзо ва ҷонибдорони он ва аҳамияти ҳифзи робитаҳои дохилии созмон мавриди суҳбат қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, роҳбарияти НИТ тавассути иртиботи фосилавӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳаракат дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико суҳбати алоҳида анҷом дод.
Дар қисмати баъдии барномаи сафар ҳайати роҳбарият ба шаҳри Вуппертал рафт.
МУЛОҚОТ ДАР ШАҲРИ ВУПЕРТАЛ
Рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Вуппертал ҷамъомади асосии сафари кории роҳбари НИТ баргузор шуд, ки дар он намояндагони созмон, аъзои роҳбарият, фаъолон ва ҷонибдорони Наҳзат иштирок карданд.
Дар оғози нишаст масъули намояндагии Наҳзат дар Олмон, муовини роҳбари НИТ Абубакр Нурӣ, узви Раёсати Олии Наҳзат Шамсиддин Саидов ва як қатор кадрҳои собиқадори Наҳзати Исломии Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Суханварон зимни баромадҳои худ ба таърихи ташаккул ва фаъолияти Наҳзати Исломии Тоҷикистон, марҳилаҳои гуногуни фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии он ва нақши шахсиятҳое, ки дар рушди ҳаракат саҳм гузоштаанд, ишора намуданд.
Бахши меҳварии ҷамъомад ба суханронии роҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон Исломҷон Саидов ихтисос ёфт.
Ӯ дар суханронии худ масъалаҳои стратегии фаъолияти минбаъдаи созмон, дурнамои рушди Наҳзат ва барномаҳои пешбинишуда барои марҳилаи нави фаъолияти онро мавриди баррасӣ қарор дод.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба самтҳои фаъолияти ояндаи ҳаракат ва зарурати ҳамоҳангии бештар миёни роҳбарияти марказӣ ва сохторҳои намояндагии он равона гардид.
Дар идомаи нишаст роҳбари Маркази таҳлилии НИТ Фатҳиддин Усмонзода ва шуморе аз иштирокдорони дигар низ суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи фаъолияти ҳаракат баён карданд.
Баъди анҷоми суханрониҳо мулоқоту суҳбатҳои мустақим миёни роҳбарияти Наҳзат ва иштирокдорон идома ёфт. Аъзо ва ҷонибдорони ҳаракат имкон пайдо карданд, ки пешниҳодҳо, назарҳо ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худро бевосита матраҳ намоянд.
Бахше аз суханронии Исломҷон Саидов сабт гардида, барои огоҳии аъзо ва ҷонибдорони НИТ дар гурӯҳҳои дохилии ҳаракат паҳн шудааст.
Ҳамчунин, чанде аз фаъолони ҷомеа аз Помир низ, дар иддае аз ин вохӯриҳо ширкат намуда, бо роҳбари НИТ мулоқот доир намуданд. ,
Рӯзи 9 ноябр барномаи сафари роҳбари Наҳзат ба Олмон ба анҷом расид.
САФАРИ КОРИИ ИЛҲОМҶОН ЁҚУБОВ БА ФАРОНСА
Ҳамзамон бо сафари роҳбари НИТ ба Олмон, муовини аввали роҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов тибқи барномаи кории ҳаракат ба Ҷумҳурии Фаронса сафар анҷом дод.
Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо масъули намояндагии НИТ дар Фаронса Хуршедҷон Иркаев ва як қатор аъзо ва ҷонибдорони ҳаракат мулоқот кард.
Бар хилофи барномаи сафари Олмон, ки бахши муҳими он ба дидору гуфтугӯ бо ҳамватанон ва баррасии дурнамои стратегии Наҳзат ихтисос дошт, мулоқотҳои Фаронса бештар ба масъалаҳои дохилии ташкилӣ ва танзими фаъолияти намояндагӣ равона шуда буданд.
Аз ҷумла, дар ин вохӯриҳо масъалаҳои татбиқи амалии Низомномаи НИТ, тақвияти фаъолияти сохторҳои намояндагӣ, тартиб додан ва навсозии рӯйхати аъзо ва ҷонибдорон, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон дар бораи роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангии фаъолияти намояндагӣ, танзими корҳои ташкилӣ ва иҷрои вазифаҳое, ки дар доираи Низомномаи созмон пешбинӣ шудаанд, табодули назар карданд.
ТАҲКИМИ РОБИТАҲО ВА ҲАМОҲАНГИИ ФАЪОЛИЯТИ НАМОЯНДАГИҲО
Сафарҳои кории роҳбарияти Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Олмон ва Фаронса дар доираи талошҳои созмон барои тақвияти фаъолияти намояндагиҳо сурат гирифтанд.
Ин сафарҳо пас аз тағйироти ахир дар сохтори роҳбарии Наҳзат ва оғози марҳилаи нави фаъолияти ташкилотӣ анҷом шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш сафари кории роҳбари НИТ ба Литва сурат гирифта буд.
Дафтари матбуоти
Наҳзати исломии Тоҷикистон