Раёсати Олии Наҳзати исломии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2026 пешниҳоди роҳбари нави НИТ-ро дар бораи ташкили ҳайати роҳбарӣ ва Шӯрои назоратӣ баррасӣ ва тасдиқ намуд.
Ин тасмим тибқи тартиби пешбининамудаи Низомномаи НИТ қабул гардид: роҳбари нав номзадҳоро ба мақоми муовинони роҳбар ва узвияти Шӯрои назоратӣ ба Раёсати Олӣ пешниҳод кард ва онҳо пас аз баррасӣ ва райъгирӣ аз ҷониби Раёсат тасдиқ шуданд.
Бар асоси қарори қабулшуда, Илҳомҷон Ёқубов муовини аввали роҳбари НИТ ва Абубакри Нурӣ муовини роҳбари НИТ таъйин гардиданд.
Раёсати Олӣ ҳамчунин ҳайати панҷнафараи Шӯрои назоратии НИТ-ро дар ҳайати Шоҳнаими Карим, Саидмаҳмуд Саидов, Фарҳод Одинаев, Ҷама Шеров ва Ҷаннатуллоҳи Комил тасдиқ намуд.
Ҳамзамон, Фатҳиддин Усмонзода роҳбари Маркази таҳлилии НИТ таъйин гардид. Номгӯи масъулони бахши фарҳанг ва иршод низ ба Раёсати Олӣ пешниҳод шуд.
Бо тасдиқи ин ҳайат, марҳилаи ташкили сохторҳои роҳбарӣ ва назоратии НИТ дар давраи роҳбарии нав расман оғоз ёфт.
Дафтари матбуоти
Наҳзати исломии Тоҷикистон