Ҳукумат аз ҲНИТ метарсад?

  • Home
  • -
  • Ҳукумат аз ҲНИТ метарсад?

Ҳукумат аз ҲНИТ метарсад?

Чанд муддат аст, ки дар Русия мардикорам вав лаҳзае худро бе Ватан тасаввур карда наметавонам. Ҳар шом баъд аз кор тариқи интернет аз хабарҳои сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон хабардор мешавам. Аз хабарҳо дарку эҳсос мекунам, ки вазъи сиёсиро иддае аз давлатмардони кишвар мехоҳанд печидаву номӯътадил гардонанд. Номӯътадил ба он маъно, ки рақобати носолими сиёсӣ дар кишвар рӯи кор аст.Аз изҳороту баёнияҳои ҲНИТ маълум мегардад, ки болои аъзои ин ҳизб ҳар гуна фишоровариҳои мақомоти кишвар сурат мегирад. Аз изҳори нигаронӣ кардани масъулини бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру навоҳӣ маълум мешавад, ки онҳоро мақомоти маҳаллӣ мавриди таҳқиру фишор қарор медиҳанд, то бо хоҳиши худ аз масъулияти бар ӯҳдадоштаашон истеъфо диҳанд, аъзои ҳизбро водор мекунанд, то аризаи аз ҳизб хориҷ шуданро иншо кунанд.

Бино ба навиштаву маълумоти масъулини бахшҳои ҲНИТ, аз онҳо дар мадди аввал талаб мекунанд, то зери протоколи таҳиякардаашон, ки “қатъи фаъолияти бахши ҲНИТ” ном дорад, имзо гузоранд. Ҳарчанд чунин кор хилофи қавонини кишвар ва Оинномаи ҲНИТ аст, аммо мақомот онро амалӣ карда истодаанд. Ҷиҳати расидан ба аҳдофу мақсади хеш, мақомот аз тамоми имконоту салоҳияти дар ихтиёрдошта васеъ истифода мебаранд: кормандони кумитаи андоз таҳдид мекунанд, ки барои дар қайди андознасупорандагон набудани бахши ноҳиявӣ онро масдуд хоҳанд кард, амнияту дигар ниҳодҳо ҳушдорашон медиҳанд: “Фикри худатону фарзандонатон кунед”!

Аз хабарҳо маълум мегардад, ки мақомоти болоӣ, бахусус Прокуратураи генералию Суди олӣ ин ҳама даъвоҳои ҲНИТ-ро беасос ва бофтаи хаёл маънидод мекунанд ва бо ин васила ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид карданӣ мешаванд, ки ҳеҷ гуна қонуншикание дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва ҳуқуқи ҳама аҳзоб озод аст.

Дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия ҳамроҳ бо ман чанд нафари ба тозагӣ аз Тоҷикистон омада кору фаъолият мекунанд, ки ба гуфтаи эшон онҳо масъули бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд будаанд, ки ба фишору таҳдиди мақомот тоб наоварда тарки ҷоҳу ҷалол кардаанд. Қиссаҳое аз забони онҳо онҳо мешунавам, ки касро моту мабҳут мегардонад.

Бале, ба ҳарфу гуфтаи онҳо сад дар сад бовар дорам. Бовар дорам, ки дар кишвари азизам ҳизбе, ки ҳарфу сухани озоду мустақил дорад, зери фишору таҳдиду таҳқир аст. Ва он ҳизб ҲНИТ аст, ки ҳар масъули кишвар муваззаф аст, то санге сӯи он партоб кунад.

Бараъло мушоҳида мегардад, ки тайи солҳои охир ҲНИТ хеле пешрафтҳои сиёсиро ноил шудааст. Ҳатто дар интихоботи парлумонӣ раъйи бештари интихобкунандагонашро соҳиб шуд, аммо чун рақобат носолим буд, ба амонати мардум хиёнат шуд. Зеро масъулини кишвар хуб медонистанд, ки агар ҲНИТ ин давр низ дар парлумон 2 ё 3 курсиро соҳиб гардад, он гоҳ талабу дархости мардуми ҳуқуқаздастдодаву дучори мушкилотгашта бештар аз забони вакилони ҲНИТ дар парлумон садо медиҳад. Дар маҷмӯъ мардум ҲНИТ-ро чун ҳизби мардумӣ пазироӣ мекунанд.

Маҳз ҳамин рақобатбозиҳои носолим сабаб гашту ҲНИТ дар парлумон ҷой нагирифт. Ва он муборизае, ки имрӯз болои сари аъзову масъулини ҲНИТ роҳандозист, идомаи ҳамон рақобатҳои носолими сиёсист. Ростӣ, ки намедонам ин роҳе, ки мақомоти кишвар интихоб кардаанд, онҳоро то куҷо мебарад?

Бошад, ки ояндаи кишвар дурахшон бошад ва фикр мекунам дурахшониву мӯътадилӣ рабт дорад, ба ваҳдати воқеиву якдигарфаҳмии ҳаматарафа, на эҷоди ихтилофу аз паси ҳам айбу гунаҳҷӯйӣ.

Аслам Шокиров,

сокини н. Панҷакент, феълан муҳоҷири меҳнатӣ дар ш. Самараи Русия

Tags:

Share:

Leave Comment