Пурсиш аз Прокуратураи генералӣ: Дар амали раиси ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят ҳаст ё на?

  • Home
  • -
  • Пурсиш аз Прокуратураи генералӣ: Дар амали раиси ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят ҳаст ё на?

Пурсиш аз Прокуратураи генералӣ: Дар амали раиси ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят ҳаст ё на?

Маъракаи “антинаҳзат”- ҳанӯз ҳам дар баъзе аз шаҳру навоҳӣ идома дорад. Субҳи рӯзи 14 июли соли ҷорӣ чунин ҳодиса бо муовини бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Умаршо Давлатов иттифоқ афтод. Бино ба гуфтаи У. Давлатов, соати 7:30-и рӯзи 14 июл муовини ШКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ Мусо Ғаниев меҳмони нохондаи кошонааш гашта изҳор дошт, ки уро раиси ноҳия Маҳмадраҳим Юсуфов дар утоқи кориаш интизор аст ва атрофи масъалае мехоҳад бо у суҳбат кунад. Давлатов даъвати уро пазируфт ва ҳамроҳ то ба қароргоҳи раиси ноҳия рафтанд. Ҳини дидори як ба як бо раис, Юсуфов зуд сари матлаб меояд ва аз он изҳори ташвиш мекунад, ки дар ҷумҳурӣ танҳо як ноҳияи Рудакӣ мондааст, ки зери протоколи барҳамдиҳии бахши ҲНИТ имзо нагузоштааст ва аз Давлатов тақозо мекунад, то зери он протоклои қаблан тартибдодаашон имзо гузорад. Ҳарчанд Давлатов таъкид бар он мекунад, ки дар асоси оинномаи ҲНИТ барҳам додани бахшҳои ноҳиявии ҲНИТ дар салоҳияти роҳбарияти ҲНИТ аст, аммо раис Давлатовро маҷбур мекунад, то зери он протокол имзо гузорад, вагарна аз дафтари корӣ берун гаштанро барояш иҷозат намедиҳад.

Баъдан раис масъулини ноҳия, аз ҷумла масъули андоз, муовини ШКД-и 1, масъули ҳуқуқ, сармутахассиси азҳоби сиёсӣ ва масъули амнияти ноҳиявиро ба ҳуҷраи кориаш даъват карда, дар ҳузури ҷамъомадагон ба Давлатов таъкид мекунад: ”ту фикри худ ва фарзандонатро намекунӣ”?

Баъд аз насиҳатхониҳои раиси ноҳия масъули андоз Давлатовро таъкид мекунад, ки гӯё бахши ноҳиявии ҲНИТ дар идораи андоз ба қайд гирифта нашудааст ва Давлатовро таҳдид мекунад, ки ӯро вобаста ба ин масъала ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид. Аммо дар посух Давлатов ба онҳо мегӯяд, ки “агар ман ё бахши ноҳиявӣ ҷиноят содир карда бошем, он гоҳ омодаем дар назди қонун ҷавоб гӯем, лекин ба ин протоколи дурӯғину сохтаву бофтаи шумо имзо нахоҳам гузошт”.

Истодагарии Давлатов хашми масъулин оварда, масъули танзим ва раиси ноҳия дастонашро сахт фишурда водораш карданд, то имзо гузорад. Аммо Давлатов ҳамоно истодагарӣ карда ба онҳо мегуфт: “модом, ки протоколи дурӯғин тартиб додаед, пас имзои дурӯғинро ҳам худ гузоред”. Масъулин дуюм бора хостанд, имзои Давлатовро ба даст оранд ва чун диданд аз кашокаши зиёд билохира худро беҳол ҳис мекунад, раиси ноҳия амр дод, то “зери кондитсионер каме нигогаҳаш доранд”.

Баъд аз худ омадани Давлатов онҳо мехоҳанд боз амалиёташонро идома диҳанд. Аммо Давлатов ба онҳо пешниҳод мекунад, то сараввал бо раиси бахши ноҳия Маҳмадӣ Тешаев машварат кунад. Хостанд, то телефонӣ ӯро даъват кунад, аммо чун телефони ҳамроҳаш хомӯш буд, бинобар ин ҳам Давлатовро водор карданд, ки ба хонааш рафта ӯро ҳамроҳи худ гирифта биоарад.

Ду нафар аз масъулини ноҳия Н. Давлатов ва С. Салимовро раис вазифадор кард, то Давлатовро ҳамроҳӣ кунанд. Вақте ба хонаи Тешаев мерасанд, иттилоъ мегиранд, ки Тешаев муддати чанд рӯз аст, ки дар сафар аст. Давлатов мехоҳад бо масъулин худоҳофизӣ кунад, аммо ҳамроҳонаш мехоҳанд ӯро зӯран дохили мошин кунанд ва дигарбора ба идораи раиси ноҳия баранд. Аммо пойафзоли кандаи Давлатов дида, ӯро ба ҳоли худ мегузоранду худ ғайб мезананд.

Хуб, хонандаи азиз, худ қазоват намо, инро ҳам ба андешаи масъулин бофтаи хаёл метавон маънидод кард? Аз ин хусус, агар муроҷиат ба ниҳодҳои қудратӣ гардад, эшон чӣ посухе медода бошанд?

Tags:

Share:

Leave Comment