Ф. Воҳидова: ҲНИТ-ро касе аз саҳнаи сиёсӣ дур карда наметавонад

  • Home
  • -
  • Ф. Воҳидова: ҲНИТ-ро касе аз саҳнаи сиёсӣ дур карда наметавонад

Ф. Воҳидова: ҲНИТ-ро касе аз саҳнаи сиёсӣ дур карда наметавонад

ҲНИТ қабл аз он ки ба кишварҳои иштироккунанда ва кафили Созишномаи сулҳ муроҷиат кунад, кулли равишҳои ҳимояи дохилиро гузашт. Ҳизб ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла раёсатҷумҳури Тоҷикистон ҳам муроҷиат кард, аммо ба қазия мақомот бархӯрде ҳам накардаанд. Пас, чӣ бояд кард? 3-4 соли ахир болои онҳо ситам карда мешавад, беасос ҳуқуқашон нақз мегардад, ҳамеша таҳқиру гунаҳкор карда мешаванд ва албатта, ин ҳама дар муносибат ба як ҳизби сиёсие раво дида мешавад, ки дар ниҳодҳои давлатӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти қонунӣ дорад.

Дуруст аст, ки ҲНИТ аз рӯйи аъзо ва ҷонибдорон баъд аз ҳизби ҳоким дуввум ҳизби қавии кишвар маҳсуб мешавад. Эҳтимол ин ҳизб нисбат ба ҳизби ҳоким шӯҳрати бештар дошта бошад, вагарна ин ҳама азият ба хотири чист?! Ин гуна муносибат аз як рақобати носолим башорат медиҳад. Амалҳои ҳукумат ба манфиати ҳизби ҳоким ва ҳамчунин амалҳои таҳқиромези он нисбат ба ҲНИТ адами фарҳанг, рақобатнопазирӣ, тангназарии баъзе мансабдоронро собит менамояд. Ин худ як шармандагист, вале ҳукумат ин шармандагиро ба тамоми ҷаҳон доман зад, ки ахиран, чеҳраи воқеии худро нишон дод.

15 соли ахир ҳукумат Рӯзи ваҳдатро ба танҳоӣ, бидуни ширкати ҷониби дигари сулҳ ҷашн мегирад. Дар чунин ҳол, суоле ба вуҷуд меояд, ки онҳо бо кӣ ҷангидаанд ва бо кӣ сулҳ кардаанд? Ба назар мерасад, ки солҳои ахир ҳукумат рисолати ИНОТ ва ҲНИТ, вориси онро хотимаёфта мешуморад ва гумон мекунад, ки дигар ба онҳо ниёзе намондааст, аммо ин хулосаи хато аст. Ҳамин тариқ, ҳукумат ҷомеаро ба бесуботӣ таҳрик медиҳад.

Чун муроҷиати ҲНИТ расонаӣ шуд, дарҳол аз ҷониби соири аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои илмӣ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки ин ниҳодҳо бори дигар надоштани салиқа ва тамоили худро ба муборизаи солим ба намоиш гузоштанд. Аҳзоби сиёсӣ бояд бидонанд, ки бидуни ҳизбҳои мухолиф давлат ҷониби тоталитаризм рӯ меоварад, ки тавлидкунандаи авторитаризм аст. Ба ҳар ҳол, бо ин амали худ онҳо нишон доданд, ки аҳзоби “кисагӣ” ҳастанд ва аз онҳо на ба давлат фоида асту на ба миллат. Вале ногуфта намонад, ки бо вуҷуди ин ҳама ҳукумат наметавонад ҲНИТ-ро аз саҳнаи сиёсии кишвар дур кунад, зеро ин масъалаи алоҳида аст. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ, САҲА ва як зумра ташкилоти байналмилалии дигар аст. Тоҷикистон беш аз 200 паймон, конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро имзо кардааст ва ҳар як шаҳрванд, ташкилот ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқи ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданро дорад. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалиро қисми ҷудонопазири Қонуни Асосӣ медонад. Бинобар ин амали ҲНИТ дар ин росто қонунӣ аст ва ба иҷрои ин гуна амал ҳуқуқ дошт.

Tags:

Share:

Leave Comment