Ҷаласаи моҳонаи ҲНИТ: Пеши роҳи аъзошавӣ ба ҲНИТ-ро чизе намегирад

  • Home
  • -
  • Ҷаласаи моҳонаи ҲНИТ: Пеши роҳи аъзошавӣ ба ҲНИТ-ро чизе намегирад

Ҷаласаи моҳонаи ҲНИТ: Пеши роҳи аъзошавӣ ба ҲНИТ-ро чизе намегирад

Фаъолияти бахшу шуъбаҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар дирӯз дар ҷаласаи иҷроияи моҳона дар қароргоҳи марказии ҲНИТ бо ширкати М. Кабирӣ, раиси ҲНИТ тавассути режими “онлайн” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа, ки раисону масъулини бахшҳо ва шуъбаҳо аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат доштанд, зимни суханрониҳои худ оид ба фаъолияти ҳизб дар маҳалҳо гузориш дода, мавқеъгириҳои мақомоти давлатиро дар қиболи фаъолияти ҳизб сиёсати нодуруст номиданд. С. Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи вазъи сиёсии кунунӣ андешаронӣ намуд. Қиёмиддини Аваз, раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва раисони бахшҳои ҲНИТ дар навоҳии Шоҳмансур, Фирдавсӣ зимни баромади худ перомуни фаъолияти ҳизб дар шаҳри Душанбе ва навоҳии он гузориш доданд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот онҳоро чандин бор мавриди истинтоқу фишор барои хориҷ шудан аз ҳизб ба шуъбаҳои КДАМ, Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва ҳатто ба ҳукумати шаҳри Душанбе даъват намуда, барои имзогузорӣ ба аризаи хориҷшавӣ аз ҲНИТ ва қатъи фаъолияти ҳизб дар шуъба ва бахшҳои ҳизб маҷбур кардаанд. Афроди номбурда бори дигар ариза ва протоколҳои мақомотро сохтаву бофтаи худи онҳо дониста, таъкид намуданд, ки салоҳияти аз ҳизб хориҷ карданд ва қатъи фаъолияти ҳизб танҳо ба дӯши худи аъзо ва Раёсати Олии ҲНИТ мебошад. Дар идома Р. Раҷаб, раиси шуъбаи минтақавии ҲНИТ дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, масъулини бахшҳои ҲНИТ дар Варзоб, Норак, Нуробод, Тоҷикободу Ваҳдат низ фаъолияти ҳизбро дар минтақаи навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ба риштаи таҳлил кашида, мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Ба гуфтаи Р. Раҷаб ҳизб ҳанӯз ҳам дар 13 шаҳру ноҳияи минтақа фаъолият дорад, агарчи ба иддаои мақомот гӯё протоколҳои қатъи фаъолияти ҳизбро дар қисмате аз навоҳии води Қаротегин ҷамъоварӣ намудаву фаъолият қатъ шуда буд. Ин ба воқеъият рост намеояд ва ҳамарӯза тамосҳое, ки бо аъзову ҷонибдорони ҳизб сурат мегирад, гувоҳи он аст, ки барномаҳои ҳизбӣ агарчӣ бо сабаби муносибати ғайриқонунии чанд моҳи ахири мақомот бо ҳизб ба кунди ҳам бошад, вале дар ҳоли амалӣ шудан аст. М. Набиев, раиси шуъбаи минтақавии ҲНИТ дар Кӯлоб ва раиси бахши ҲНИТ дар Ховалинг низ баромад намуда, таъкид намуданд, ки новобаста аз таҳдиду фишори мақомот фаъолияти дар шаҳру навоҳии ин минтақа тибқи барномаи солона ва моҳонаи ҳизб дар ҷараён аст.

Ф. Маҳмадалиев, аз масъулини шуъбаи минтақавии ҲНИТ дар Қӯрғонтеппа низ дар гузориши худ аз баргузории ҷаласаи моҳонаи шуъба бо ширкати 50 нафар масъулини бахшҳо дар моҳи сипаришуда гузориш дода афзуд, ки дар ҷаласа аз тамоми шаҳру навоҳии минтақа масъулинин ширкат доштанд. Ҳамчунин Завқибек Раҳмонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳия Ванҷ бо ишора ба фаъолиятҳои ҳизб дар ноҳия ва вилоят афзуд, ин гуна муносибат дар вилояти Бадахшон, махсусан дар ноҳияи Ванҷ ҳам ҳаст, вале касе то ҳол худаш бевосита барои хориҷ шудан аз ҳизб бо ариза муроҷиат накардааст. Агарчӣ мақомот чанд дафъа ӯро даъват кардаву бастае аз аризаҳоро ба ӯ нишон додаанд.

Дар ҷаласа инчунин таъкид карда шуд, ки ҳарчанд имрӯзҳо мақомоти иҷроияи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва амният коре ба ҷуз фишороварӣ болои аъзову ҷонибдорони надоранд, аммо рӯҳияи аъзову ҷонибдорони ҳизбро шикаста натавонистанд. Дар моҳи сипаришуда, афроди нав дар шаҳри Душанбе, минтақаи Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба узвияти ҳизб қабул карда шуданд, ки ба таъкиди худашон омодаи таҳаммули ҳамагуна фишор ҳастанд. Ҳамчунин дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои иҷроиву моҳона ҷоннок карда шаванд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа М. Кабирӣ, раиси ҲНИТ баромад намуда, аз масъулин ва аъзои ҳизб барои сабру таҳаммул ва пуштибониву ҷонибдории ҳамаҷонибаи сиёсати роҳбарияти ҳизб изҳори сипос гуфт. Ҳамчунин раиси ҳизб аз иқдомҳои амалӣ барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ва фишор болои аъзои ҳизб ёд карда, дар чаҳорчӯби Сарқонуни ҶТ ва қонунгузории кишвар идомаи онро ба манфиат донист.

Tags:

Share:

Leave Comment