Мутобиқи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории ҷумҳурӣ, фаъолияти ҳама гуна аҳзоби сиёсӣ, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост, танҳо бо қарори анҷумани ҳизб ё суд қатъ шуда метавонад, – изҳор дошт ба хабарнигори «Азия-Плюс» сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Бобоев.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ яке аз мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, аз ҷумла мақомоти прокуратура ва Вазорати адлия ба манъи фаъолияти ҳизби сиёсии расман сабтшуда ҳуқуқ надоранд.
«Фаъолияти ҳизби сиёсӣ метавонад бо қарори суд бинобар сабаби аз ҷониби ҳизб риоя нашудани меъёрҳои қонунҳои кишвар ё бо қарори анҷумани худи ҳизб қатъ карда шавад», – таъкид дошт Бобоев.