ҲНИТ бо ҳукумат оштӣ мекунад?

  • Home
  • -
  • ҲНИТ бо ҳукумат оштӣ мекунад?

ҲНИТ бо ҳукумат оштӣ мекунад?

nahzat August 7, 2015 0 Comments

– ДИИШ ва гурӯҳи Хуросони он, ки тибқи баъзе маълумот аллакай дар чанде аз навоҳии Афғонистон амал мекунад, ҳатман барои барқарор намудани робитаҳо бо исломиёни тундгарои тоҷик талош хоҳанд варзид, ки онҳо метавонанд миёни ҷонибдорони ҲНИТ ҳам ҳузур дошта бошанд ва ин далел ба ҷараёни оғози оштишавии ҳукумат ва ҲНИТ суръат бахшида метавонад, – чунин мегӯяд, Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони мустақили Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз соли 1996 замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, шимоли кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки нерӯҳои асосии мухолифини тоҷик он ҷо мутамарказ шуда буданд, нахустин гурӯҳҳои Толибон пайдо шуданд, ки метавонистанд бо намояндагони тундгарои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик муттаҳид шаванд.

«Хатари зуҳури чунин иттиҳод ба раванди ноил гардидан ба сулҳу созиш дар Тоҷикистон суръат бахшид. Он замон ҳам ҳукумату ҳам мухолифин ба гузаштҳо розӣ шуданд ва дар натиҷа Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт», – қайд кард номбурда.

Таҳдиду ситезаҷӯиҳои пайдошуда ба сулҳу субот дар як қатор кишварҳои араб, зуҳури Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки ба ноамнӣ дар кишварҳои минтақайи Осиёи Марказӣ боис шуда метавонад, ба аз байн рафтани носозгорӣ миёни ҳукумати расмии кишвар ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мусоидат мекунад, – изҳор медорад ӯ.

Сиёсатшинос мегӯяд, дар Тоҷикистон, ки Ислом ба тарафҳои гуногуни муқовиматдошта тақсим шудаасту раванди расидан ба ваҳдати миллӣ ҳанӯз комилан ба анҷом нарасидааст, ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ-ро барои ба созиш расидан маҷбур мекунад.

Tags:

Share:

Leave Comment