Амал накардани қонун дар Тоҷикистон ҷуръати бархе аз мансабдорони давлатиро то андозае боло бурда, ки дигар ошкорро ва бидуни тарс аз ҷавобгарӣ даст ба аъмоле мезананд, ки дар таҷрибаи давлатдории муосир касе онро ёд надорад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, тамоми ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти амният, корҳои дохилӣ, ҳукуматҳои маҳалӣ ва прокуратура кору фаъолияти худро партофтаву барои хориҷ кардани аъзои ҲНИТ аз узвият дар маҳалҳо ва бастани бахшҳои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии кишвар машғуланд. Гӯё аз зару зораву зӯрӣ самаранок истифода бурда, барои имзогузорӣ дар аризаи хориҷшавӣ ва протоколи қатъи фаъолият ба онҳо фишорҳои равониву ҷисмӣ ва таҳдид ба ҷони наздикону пайвандон мекунанд. Ин гуна амалҳои ғайриқонунии худро баъзеи онҳо хидмат ба миллату Ватан пиндошта, ғофил аз онанд, ки ҳамватан, ҳамдиёр ва ҳаммиллате хешро дар ин моҳи муборак зери зулму фишор қарор додаву ҳуқуқу озодиҳои қонуниашро аз ӯ салб кардаанд. Шояд вақти он расида бошад, ки ҳадди аққал агар худро дар пеши қонун, давлат ва миллат масъул намедонем, пеши имону виҷдони худ агар онро дошта бошем, эҳсоси масъулият намоем. Зеро инсони боиродаву бовиҷдон дар ҷомеаи мутаммадин ҳеҷ гоҳ даст ба амали мухолиф ба қонун намезанад ва талоши пойбанд будан ба эҳтиром ва волоияти қонун дошта бошад.
Ба нақли Муҳаммаднабӣ Бердиев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор рӯзи 3-юми июл ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахшро бояд баргузор мекард ва субҳи зуд қабл аз шурӯъи кор соати тақрибан 6:30 дар қитъаи замини кории шафати роҳ рафт. Он ҷо раиси шуъбаи амнияти ноҳия Сабзалӣ Тағоев ӯро интизор будаву бо ҳам сӯҳбатҳои зиёде атрофи фаъолияти ҳизб ва имзои аризаҳо доштанд. Вале чун дид, ки баҳсҳо фоидае надоранд, ноумед шуда, аз он ҷо рафт. Баъди нимсоат Мурод Ятимов, котиби ҷамоати Сомон, бо ду нозири минтақавӣ, Маҳмадҷон Исматов ва Ҳасан Раҳимов ба наздам омада, гуфтанд, ки “бояд бо мо ба назди сардори ШКД равем. Зеро моро амр намуд, ки то туро назди ӯ барем”. Якҷоя ба маркази ноҳия рафтем, дар роҳ ба раиси ноҳия занг заданд ва масирамон тағийр хурду назди раиси ноҳия рафтем. Баҳс оид ба қатъи фаъолияти бахши ҳизб дар ноҳия оғоз шуд, вале ман гуфтам, қатъи фаъолияти бахш дар салоҳияти ман нест, инро бояд мақомоти болоии ҳизб бинанд.
Баъди чанде раиси шуъбаи амнияти ноҳия Сабзалӣ Тағоев, прокурори ноҳия Абдураҳим Раҳимзода, сардори ШКД Ҷамшед Шарифов ҳозир шуда, ҳама ба як овоз талаб мекарданд, ки бояд фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳия қатъ карда шавад. Танҳо бо як ҷумла ба онҳо ҷавоб додам, агар инро мехоҳед ба Вазорати адлия муроҷиат кунед, аммо ман ин кор карда наметавонам, зеро дар масъулияти ман нест, меафзояд, М. Бердиев.
Сардори ШКД-и ноҳия таҳдид намуд, ки дастури боздошти ӯ аллакай содир шудаву рақамҳои мошинашро ба нозирони роҳ додаанд ва дар ҳар ҷое бошад, бояд дастгир мешуд. Раиси ноҳия гуфт, имрӯз ё фардо ҳизбро мебанданд ва онро экстемистӣ эълон мекунанд, баъд аҳволатон бад мешавад, раисатон гурехтааст. Раиси амният гуфт, тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва чандин ноҳияи атроф фаъолияташонро қатъ кардаанд ва дирӯз Қиёмиддин Авазов, раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе низ ба протокол имзо гузошт.
Вақте дар бораи муносибати ноҷавонмардона ва ғайриқонунии мақомот бо Қиёмиддини Аваз ишора кардам, раиси ноҳия дар ғазаб шуда, фарёд зад, ки “агар инҳо намешуданд як мушт ба даҳонат мезадам”…
Дар масъалаи М. Кабирӣ, раиси ҲНИТ бошад, раиси бахши ҲНИТ ба масъулини қонуншикан таъкид кардаааст, ки ӯ ҷое нагурехта, танҳо бо супориши Раёсати Олии ҲНИТ муддати чанд бо сабаби ноҷо будани вазъ дар кишвар дар хориҷ мондааст. Агар вазъ ором бошад, ӯ бармегардад, кӣ аз вазъияти ором мегурезад, савол гузоштааст, М. Бердиев.
Ин радубадалҳо то соати 2-и рӯз идома ёфт, аммо натиҷае надоданд. Сипас раиси шуъбаи амният ба раиси ҷамоати Сомон ва чанд нафари дигар занг зада, онҳоро ба наздаш даъват намуд ва дастур дод, ки модари беморамро он ҷо ҳозир намоянд, он рӯзро ёдовар мешавад, раиси бахши ҲНИТ дар Ҳисор.
Ин муносибати ноҷавонмардонаи мақомот ва золимонаро ҳар касе набошад, ҳаргиз нахоҳад бахшид. Бигузор ба ҷой М. Бердиев худи Усмон Сабзов ё сардори ШКД ё амният бошанд, оё онҳо таҳаммули онро хоҳанд дошт, ки модари пиронсоли барҷомондаашонро саргардон намудаву чанд нафар ба идораи ҳукумат биёранд. М. Бердиев ин ҳамаро зулм медонад ва имзои гузоштаашро дар протоколи қатъи фаъолият барои як ташкилоти ибтидоӣ ҳам бошад, ғайриқонунӣ ва ғайриқобили қабул медонад.
– Протокол бисёр бемантиқ навишта шуда, дар он дарҷ гардид буд, ки “фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар ноҳия баста шавад”. Лекин маълум набуд, ки кадом ташкилоти ибтидоӣ ва аз чаҳор номе, ки дар протокол омада буд, касе ҳузур надошт. Ман маҳалли узвияти ҲНИТ-ро дар қалбҳо медонам, на дар аризаву протоколҳои қалбакӣ, меафзояд М. Бердиев.
