Бисёриҳо узвият дар ҲНИТ-ро бо узвият дар дигар ҳизбҳо хоҳиши қиёс кардан доранд, аммо хуб медонанд, ки иштибоҳ мекунанд. Узвият дар ин ҳизб ба куллӣ фарқ дорад, ҲНИТ ба ҷуз ҳизби сиёсӣ буданд, эътиқод ва як мактаби фикрӣ аст. Дар таърихи 42 солаи фаъолият ҲНИТ борҳо инро дар амал собит кардааст. Аммо баъзеҳо дониставу надониста бо эҷоди фазои бесуботӣ, таҳдиду фишор ва тарс гӯё аризаҳои хориҷшавӣ аз ин ҳизбро ҷамъоварӣ кардаву мехоҳанд, фаъолияти ҳизбро қатъшуда эълон намоянд. Дар баробари надоштани муваффақияте дар ин самт аз василаву усулҳои истифода мекунанд, ки хосси ҷавонмардон нест. Таҳдид ба ҷони фарзанду ақрабо ё фишороварӣ болои пиронсолон барои маҷбур кардани фарзанд ҷиҳати хориҷ шудан аз ҲНИТ василаи асосӣ қарор гирифта истодааст. Муртакиби ин амалҳо метавон танҳо касонеро донист, ки биниш ба ҳаводис надоранд ва ба авоқибу паёмади амалҳои худ сарфаҳм намераванд. Набошад, бояд дарк кунанд, ки вақте инсон синни булуғро таҷовуз мекунад, дигар масъулияте барои падару модараш нест. Ҳар инсон барои ҳар феълу кирдор худаш ҷавобгар ва масъул аст. Аммо бархе аз масъулони мақомот ба рӯи худ пусти дигар кашидаву падару модар ва пайвандони аъзои ҳизбро озору азият медиҳанд, то барои хориҷ кардани аъзои ҲНИТ муваффақ шаванд.
Рӯзи 2 июли соли равон Муродбек Бобиев, раиси шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ бо як нафари дигар ба хонаи акаи Ғайратшоҳ, падари Умаршо Давлатов, раиси ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ омада, ӯро ба назди фарзандаш ба идораи ҲНИТ мебаранд. Дар ҳузури падар аз Умаршо Давлатов талаб мекунанд, ки “бояд ташкилоти ибтидоӣ дар шаҳраки Сомониён фаъолияташ қатъ шавад”. Аммо вақте У. Давлатов мегӯяд, ки ин кор дар салоҳияти ӯ нест, Муродбек Бобиев падарашро мисол меораду мегӯяд, “мо падаратро ба назди ту овардем, вале ту падаратро ҳам эҳтиром намекардаӣ”.
Ҳарчанд У. Давлатов эҳтироми падару модарро аз воҷиботи Ислом медонад, аммо рабт додани эҳтирому икроми волидайнро ба фаъолияти сиёсӣ ва исломӣ иқдоми ғайриоқилонаи мақомот ном бурда, мегӯяд, эҳтироми падар дар ҷои худ аст, аммо ман коре накардаам, ки боиси сарафкандагии падарам бошад, баръакс ин ифтихори ӯст, ки имрӯз ман фарзандаш узви ин ҳизбам. Ва узвият дар ҲНИТ ҳам ин хидмат ба миллату Ватан аст, ки ман анҷом дода истодаам. Ҳадафи ҲНИТ ҳам, ин ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон аст.