Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия, ки аз ҷониби ташкилоти миллатгарое бо номи “Фронти халқӣ” таҳдид шудааст, мегӯяд, дар гузашта таҳдидҳо буданд, аммо таҳдиди ахир хеле ҷиддӣ аст.
Абдулло Давлатов, ки мактуби таҳдидиро ҳанӯз 22-юми май дарёфт кардааст, меафзояд, “ман намехостам, ки мактуб расонаӣ шавад, чаро ки таҳдидҳои шифоиву хаттӣ зиёд меоянду меомаданд ва дар аксари онҳо ба саломативу ҷони ман таҳдид мешуд. Аммо дар мактуби ахир хатар ба тамоми тоҷикон равона шудааст”.
Муаллиф бо иддаои он ки макотиби русӣ дар Тоҷикистон баста шуда, истифодаи забони русӣ манъ гаштаанд, дар идома навиштааст: “Барои ҳамин аз ҳамаи меҳмонҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, онҳое, ки қаблан сабти ном шудаанд ва ононе, ки тоза ба қайд гирифта шудаанд…, даъват менамоем, оромона ба кишвари таърихии худ баргардед, мунтазири моҳи феврали соли 2017 нашавед”. Ҳамчунин “имрӯз “Фронти халқӣ” ҳама ватандӯстонро ҷамъ меоварад, то ҳама паразитҳо, онҳоеро, ки ба зиндагии русҳо халал мерасонанд, аз кишвар дур созанд. Раисҷумҳур даъват кард, ки “ҳар кас бояд барои Ватан ҷавобгӯ бошад”. Мо Ватанро, тибқи муқаррароти Сарқонуни ФР, ки “хайрият ва шукуфоӣ ба Русия, ки бо назардошти масъулият ба Ватани худ, масъулият назди насли ҳозира ва оянда”-ро таъйид мекунад, ҳимоя мекунем”.
Абдуллоҳ Давлатов омадани чунин як мактубро ба мавзеъгириҳо ва баромадҳояш дар расонаҳо муртабит медонад. “Боре дар яке аз телевизионҳои русӣ баромад кардам, ки қисми зиёди барнома ба намоиш гузошта нашуд. Дар он ҷо яке аз сарварони миллатгроҳоро гуфтам, ки “ту, ки бо худрави хориҷӣ меоӣ, либос ва мубайли хориҷӣ дорӣ, боз аз пуштибонии миллати рус ҳарф мезанӣ? Ту як нимчаодамӣ, ки либосҳои хориҷӣ намуди одамият додаанд!”. Баъд аз ин ҳарфҳо, агар муҳофизон дахолат намекарданд, кори мо ба занозанӣ мерасид”, афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки Абдулло Давлатов мегӯяд, нома ҳанӯз моҳи май ба дасти ӯ расида ва ҳамчунин болои ҷиддияташ таъкид менамояд, вале Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия бо назардошти мустаор будани нома онро ҷиддӣ намепиндорад. “Гумон мекунам, нома аз фашистони рус ба дуктур равон шудааст ва ман ба эшон низ гуфтам, ки ин номаи мустаорро ҷиддӣ нагиранд”, гуфт ӯ.
Зимнан Иззат Амон расидани ин мактубро ба Абдулло Давлатов ба сиёсати рӯз пайванд медиҳад. “Нома дақиқ баъд аз пахши хабар оид ба фиристодани нотаи эътирозии Вазрати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби Русия ба хотири мақолаи АиФ мебошад”, афзуд Иззат Амон.
Бояд гуфт, тахминан чанд рӯз қабл дар торнамои “Аргументы и Факты” матлабе таҳти унвони “”Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж АиФ из Таджикистана” (Кишвари гастербайтерҳо. Гузориши махсуси АиФ аз Тоҷикистон)” ба табъ расид, ки ба иттилои радиои “Озодӣ”, дар он гуфта мешуд, “тамоми Тоҷикистон аз ҳисоби кор дар Русия зиндагӣ мекунанд, мисли ин ки Заминаз Офтоб нерӯ мегирад. Шореҳи мо баъди сафари якҳафтаинааш ба Тоҷикистон ба ин натиҷа расид, ки бояд низоми раводид ҷорӣ шавад. Вагарна мушкили муҳоҷирон ҳал нахоҳад шуд”. Яъне ҳадафи асосӣ дар ин матлаб он буд, барои тоҷикон виза ҷорӣ шавад.
Зимнан чопи матлаби мазкурро Вазорати умури хориҷии кишвар таҳқир дониста, нотаи эътирозӣ дод. Иззат Амон мӯътақид аст, ки таҳдиди Абдулло Давлатов ҳам бар маҳзи ин сар зада.
Дар ҳамин ҳол, Абдулло Давлатов ин ҷанбаи масъаларо рад мекунад. “Ин ба муносибати сиёсии Тоҷикистону Русия рабт надорад. Агар робита медошт, ба сафорат ё ягон намояндагии Тоҷикистон менавиштанд. Ҷамъияти мо русиягист. Ин кори дохилии Русия аст”, гуфт раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия ва афзуд, ки ду тахмин дорад роҷеъ ба ин масъала:
1.Ин мактуби иғвогарона аз ҷониби тоҷикони ҳасуди мо равон карда шудааст;
2.Мактубро ягон гуруӯҳи милатгароии воқеии рус навиштааст, ки бо онҳо дар конфронҳо, телевизионҳои Русия, аз ҷумла ТВ “Мир” ва амсоли ин баҳсҳои тунд кардаам.
Бояд гуфт, Абдулло Давлатов, табиб, яке аз он ашхосе ҳаст, ки ба иллати нооромиҳои солҳои 1992-1997-и кишвар Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кард ва фаъолияташро ҳамчун табиб идома дод. Баъдан, Иттиҳодияи тоҷикони Русияро созмон дод, то тавониста бошад, аз ҳуввияти фарҳангии тоҷикони Русия ҳифз намояд. Бад-ин тартиб бо руҷӯи ҳиҷрати муҳоҷирон ва пеш омадани мушкилоти тоза ба сари онҳову беҳуқуқияшон дар Русия Абдулло Давлатов ҳамчун раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия ҳамеша Ҳукумати Тоҷикистонро бинобар ноӯҳдабароияш зери тозиёнаи танқид мегирад ва дар ВАО-и Русия, ҳамчунин дар маҳофили сиёсию фарҳангӣ ва умуман, ҳолоти дигар аз муҳоҷирони тоҷик дифоъ менамояд.