Намояндагиҳои СММ ва Иттиҳоди Аврпуо дар Душанбе мегӯянд, ки муроҷиатномаи ҲНИТ ба ҷонибҳои кафили сулҳи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарорхоҳанд дод, хабар додааст, бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”.Ба гуфтаи намояндагиҳои ин созмонҳо муроҷиатномаи Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон дастрас кардаанд ва ин нома дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе Ҳидоят Бишчевич дар посухи хаттиаш ба радиои “Озодӣ” навиштааст, ки вокуниши онҳо ба номаи ҲНИТ дар пайи машваратҳо бо мухотабҳои дигари ин муроҷиатнома, аз ҷумла СММ ва САҲА таҳия хоҳад шуд: “Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон номаи муроҷиатии Ҳизби наҳзати исломиро қабул намуд. Айни ҳол намояндагӣ мақсад дорад, бо шарикони ҷомеаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ин номаро низ қабул намуданд (аз ҷумла, СММ, САҲА…) дар ин хусус машварат намояд.Намояндагӣ инчунин дар ин хусус ба маркази худ дар Брюссел хабар медиҳад. Пас аз машваратҳо бо ҷонибҳои гуногун қадамҳои ояндаи хешро дида мебарояд”.
Дар дафтари рушди СММ дарёфти муроҷиатномаи ҲНИТ-ро тасдиқ карданд. Намояндаи ин дафтар гуфтааст, “номаро худи ҳамон рӯзи 1 июл гирифтем ва ба нафари масъул супурдем, вале баррасиии муроҷиати ҲНИТ метавонад як ҳафта ё 10 рӯзро дарбар бигирад. Баъдан мо посухамонро ба ҲНИТ хоҳем дод”.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи ахири Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон масъалаи иқдомҳои баъдии ҲНИТ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои мақомот ва бозгашт ба волоият ва эҳтироми Сарқонун ба тасвиб расиданд, ки муҳимтарини он муроҷиати Раёсати Олӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Президенти Федератсияи Русия В.В. Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Ирон Ҳасан Рӯҳонӣ, Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Қазоқистон Н. А. Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ва Президенти Туркманистон Г. Бердимухамедов ва Президенти Қирғизистон А. Отамбоев барои мудохила ба вазъият дар Тоҷикистон мебошад, ки нома зуҳри рӯзи 1 июл унвонии суроғаҳои лозим фиристода шуда буд.