Тавре қаблан иттиллоъ дода шуда буд, дар ҷаласаи ахири Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон масъалаи иқдомҳои баъдии ҲНИТ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои мақомот ва бозгашт ба волоият ва эҳтироми Сарқонун ба тасвиб расиданд, ки муҳимтарини онро метавон муроҷиати Раёсати Олӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон барои мудохила ба вазъият дар Тоҷикистон номид ва ин нома зуҳри имрӯз унвонии суроғаҳои лозим фиристода шуданд. Дар нома, аз ҷумла омадааст:
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) зарур шуморид ва ба чунин қарор омад, ки бо дарназардошти вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати ҶТнисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф ба Шумо муроҷиат намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки 18 сол қабл бо миёнҷигарӣ ва сарпарастии СММ ва назорату кафолати кишварҳое, мисли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Туркманистон Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид. Тарафҳои сулҳ тавофуқ карданд, ки бо ҳусни эҳтиром ва тафоҳуми ҳамдигар ва риояи қонун як кишвари озоду демократӣ месозанд, ки дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодиву тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад. Ва ду ҷониби сулҳкунанда ҳамдигарро бахшида, бо зоҳиру ботин ва ақидаҳои хеш якдигарро қабул карданд.
Аммо бо гузашти 18 сол, вазъият на танҳо бар хилофи меъёрҳои тавофуқшуда, балки беш аз он бадтар шуда истодааст. Агарчӣ, вайрон кардани бандҳои алоҳидаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле зуд оғоз гашта буд, вале ҲНИТ ба хотири ҳифзи суботу оромиш ва зери хатар қарор надодани дастоварди бузурги тоҷикон-сулҳу ваҳдат, ҳеҷ гоҳ ин масоил ва мушкилотро дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ матраҳ накард. Баръакс, ҳамеша мардум ва ҷонибдорони худро ба сабру хештандорӣ даъват кардааст, то мушкилот аз тариқи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро пайдо намояд.
Мутаассифона, тарафи дигари сулҳ – Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ афзоиш бахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст. Бар замми ин, ки намояндагони ҲНИТ-ро аз сохторҳои иҷроияву қонунгузории кишвар берун карданд, тамоми намуди фишору таъқибҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқиро болои аъзову ҷонибдорони ҳизб раво дида, қатъ намудани фаъолияти ҳизби расмиро дар кишвар ҳадаф қарор додаанд.Бо роҳи фишору таъқиб ва бо парвандаҳоисохтаи ҷиноиву маъмурӣ аз ҳазорон нафар иҷборан аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро гирифта, қисми дигарро ба рӯ овардан ба хориҷи кишвар водор карданд.
Раёсати Олии ҲНИТ чунин рафтори мақомоти давлатии Тоҷикистонро на танҳо мухолиф ба Конститутсияи ҶТ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, балки онро барои оромиш ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хатарнок медонад. Ҳазорҳо нафар аз набудани волоияти қонун, адолат ва имконияти озоди фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ноумед гашта, тарки ватан карданд ва ҳатто иддае ба гурӯҳҳои радикалӣ ҳам пайвастанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷӯ дорад, мақомоти давлатии Тоҷикистон бо ин гуна сиёсатҳои иштибоҳӣ заминасози пайдоиш ва рушди падидаҳои манфӣ дар кишвар ва минтақа гашта истодаанд. Метавон гуфт, ки ноком гаштани таҷрибаи нодири сулҳ ва ваҳдатсози миллати тоҷик, ки бо кӯмаку дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст омад, ба равандҳои минбаъдаи кишвари мо ва минтақа дар оянда таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Тамоми талошҳои мо барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти ҶТ ҷиҳати пешгирӣ аз ин ҳама фишору қонуншиканиҳо натиҷаи мусбат надод.
Бинобар ин, Раёсати олии ҲНИТ аз Созмони Милали Муттаҳид-сарпарасти гуфтушуниди байни тоҷикон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Иттиҳодияи Аврупо ва роҳбарони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ҳамчун созмону кишварҳои кафили сулҳ дархост мекунад, ки ба вазъият дахолати бевосита карда, аз Ҳукумати ҶТ риояи Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мақоми байналмиллалӣ дорад, тақозо намоянд.
Раёсати Олии ҲНИТ бар ин умед аст, ки СММ бо дастгирии кишварҳои кафили сулҳ ва тамоми дӯстони миллати тоҷик бори дигар фазои сулҳу ваҳдатро бо дирояту ҳидояти хеш нигоҳ дошта, онро тақвият хоҳанд бахшид.