Ба ширкатҳои мобилӣ: Мардумро сангу кулӯх напиндоред

  • Home
  • -
  • Ба ширкатҳои мобилӣ: Мардумро сангу кулӯх напиндоред

Ба ширкатҳои мобилӣ: Мардумро сангу кулӯх напиндоред

 

Аз имрӯз 1-уми июл сар карда, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз ҳар симкорти мавриди истифода пардохти абонентии моҳона ба андозаи 80 дирам меситонанд. Ширкатҳои мобилии Tcell, Beeline, Megafon-Тоҷикистон ва Вавилон ин иқдомро кори дасти Хадамоти зидиинҳисорӣ медонанд ва аз худ танҳо иҷрокунандаи қарорҳо ном мебаранд.

 

Шаҳноз Комилзода, сухангӯи ширкати мобилии Тсеll ин нуктаро таъйид намуда, меафзояд, мо иҷрокунандаи қарорҳои ҳукумат ҳастем ва аз рақамҳои фаъоле, ки тули 4 моҳ истифода бурда нашудаанд, ҳам маблағ ситонида мешавад. Зеро пас аз 4 моҳ симкорт ба таври автоматӣ бекор мешавад.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати Вавилон низ дастури ситонидани пардохти абонентиро мутааллиқ ба Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ медонад. Аммо ба ин савол, ки бидуни ризоияти муштарӣ чӣ гуна аз ҳисоби ӯ маблағ ситонида мешавад, номбурда посухе надода, моро ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳнамоӣ кард, аммо тамосҳои ба такрори мо ба ин ниҳод натиҷае надоданд.

Бархе коршиносон бидуни ризоият ва огоҳии муштарӣ аз ҳисоби ӯ маблағ гирифтанро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. – Ширкатҳои мобилӣ мехоҳанд, чунин вонамуд кунанд, ки масъулияте дар баробари ин “маблағғундориҳо” надоранд ва танҳо фармоиши Хадамоти алоқа ва зиддинҳисориро анҷом медиҳанд. Аммо чаро ин маблағро аз ҳисоби худ неву аз ҷайби муштарӣ пардохтаниянд, савол мегузарад, Моҳрӯ Ятимова, коршиноси соҳа.

Анвар Давлатов, як сокини пойтахт, ки 3 симкорт истифода мекунад, ба ин назар аст, ки бо ин амалкард ширкатҳо мардумро гулу гумроҳ шумориданиянд. – Шумо тасаввур кунед, дар кадом давлати дунё аз муштарӣ напурсида пул мегиранд? Фақат дар Тоҷикистон, ки ба рӯи шаҳрвандонаш пеши ҳама хоранд. Милиса фишораш меорад, судҳо мустақил нестанд ва адолат надоранд, бозораш сол то сол қиммат мешавад, таъкид мекунад, номбурда. Ба назари ин ҷавон ҳамаи мушкилиҳо аз худи истифодабарандагони ширкатҳои мобилӣ вобаста аст. “Аз барои Худо бас будагист, то кай моро кундаву сангу кулух фикр мекунанд.Мардум ҳадди ақал бедор шаванд ва 500-600 нафар як маротиба назди ширкатҳои мобилӣ ҷамъ шаванд ва пурсанд, ки кай ба ин амалҳои худ хотима медиҳанд”.

Аксари нафароне, ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, мегуфтанд, ки дар ин ҷо Хадамоти алоқа гунаҳкор нест, зеро ширкатҳои мобилӣ, ҳарчӣ, ки хоҳанд анҷом медиҳанд.

Самира Амонӣ, сокини пойтахт, ки аз ширкати мобилии Билайн истифода мебарад, мегӯяд, аслан иҷборан аз ҳисобаш ситонидани маблағро қабул надорад, чунки ба гуфтаи ӯ ин як беинсофӣ мебошад. “Ин худ ҳамчун дуздӣ ба ҳисоб меравад, ки бе иҷозати ман аз ҳисобам малағ меситонанд ва ман намедонам, ки ин маблағро баро чӣ мегиранд”.

 

Ин дар ҳолест, ки Сафарбек Кабиров, муштарии ширкати Тсеll ин тасмими танҳо марбут ба Бег Сабурович намедонад. “Ҳадаф пур кардани буҷа буда, ҳама ниҳодҳо бояд хидмате дар ин самт дошта бошанд. Ширкатҳои мобилӣ аз ночорӣ дастури Хадамоти алоқаро иҷро менамоянд”, мегӯяд, ӯ.

Бисёриҳо ин тасмими ширкатҳои мобилиро қабул надоранд. Раҳматуллоҳи Раҷаб, масъули бахши ҲНИТ дар навоҳии атроф барин аст, ки ин тасмимро метавон дуздии пули мардуми бечора номид. “Бе ин ҳам мардум ҷои кор надоранду барои дарёфти қутти лоямут худро ба бозору муҳоҷират мезананд. Бек Зуҳуров бошад аз ин маблағи ба даст овардаи ширкатҳо чанд фоизеро ба нафъи худ истифода мебарад ба ҳамин хотир шартномаҳоро ҳар лаҳзае бихоҳад тағйир медиҳад”, таъкид мекунад ӯ.

Тибқи иттилои расмӣ, дар кишвар феълан ҳудуди 6,5 миллион симкорти фаъол дар дасти мардум мебошад ва дар пайи роҳандозии пардохти нави абонентӣ солона 62 миллион сомонӣ аз ҳисоби муштариён ба буҷа ворид мегардад. Муштарипулии нав баъди он ҷорӣ шуд, ки ахиран Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро дар як моҳ аз 10 дирам то ба 1,82 сомонӣ боло бурд. Шурӯъ аз аввали моҳи апрели соли равон андози аксизӣ барои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон боз 2 дарсади дигар боло рафт.

Ширкатҳои мобилии Tcell, Beeline, Megafon-Тоҷикистон ва Вавилон бинобар боло рафтани андози аксизӣ бо назардошти боло рафтани андози аксизӣ то 11 апрел нархи хизматрасониҳои ширкатро то 2% боло бурда буданд. Тағйироти ахир ба Кодекси андоз, ки даҳаи дуввуми моҳи марти соли равон дар нашрияи Маҷлиси намояндагон-“Садои мардум” интишор ёфт, баъди 10 рӯзи нашр, яъне, 1 апрел мавриди амал қарор гирифт. Бори аввал лоиҳаи андози аксизӣ барои алоқаи барқӣ аз сӯи Вазорати молияи Тоҷикистон ба парлумон 5 сол қабл пешниҳод шуда, 12 авусти соли 2010 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Аз он вақт норозогии ширкатҳои мобилиро ба бор овард.

Tags:

Share:

Leave Comment