Салафият: Тарроҳон асири доми худанд

  • Home
  • -
  • Салафият: Тарроҳон асири доми худанд

Салафият: Тарроҳон асири доми худанд

Ахиран пойгоҳи интернетии WikiLeaks номаи 4 сол пеш навиштаи Сафорати Арабистони Саудиро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ки ин кишвар
барои тарғиби ғояҳои мазҳабияш дар Тоҷикистон аз 12 рӯҳонӣ истифода мекардааст, ки 5 нафари онҳо мударисони Донишкадаи исломии Тоҷикистон буданд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон бархеҳо бар ин назаранд, ки ин гуна амалҳо дар фаъолияти сафорату корпусҳои дипломатӣ ва ҳатто баъзе гурӯҳу созмонҳои мазҳабӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Нашру таблиғи ақида ва ғояҳои худро ба мардум асосан тавассути афроди наздик ба ҷаҳонбинӣ ва ақидаашон, ки ба онҳо наздикӣ доранд, роҳандозӣ мешавад. Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ таблиғи ғояҳои мазҳабиро як чизи табиӣ медонад. “Дар кӯчаву хиёбонҳо ва дохили нақлиётҳои мусофирбар, агар таваҷҷӯҳ карда бошед, занону мардони рус ягон қисми Библия, Таврот ва ё ягон навиштаҷоти мазҳабиро ба мардум пешниҳод мекунанд”, мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи ин коршинос Ислом аз ин гуна одатҳо дур буд ва шояд афроде, ки ҳамчун таблиғгар барои ин кор ҷалб шуда буданд, мехостанд, таблиғоти исломӣ баранд. Зеро ба таъкиди К. Ҷалилов ҷараёнҳои салафия ва дигар гурӯҳҳои наздик ба онҳо аз ин васила барои густариш ёфтани равияи худ талош мекунанд. Дар ин замина, Исломиддини Файзалӣ, корманди шӯъбаи кор бо уламои ҲНИТ мегӯяд, шояд 5 нафаре, ки устоди ДИТ ҳастанд, ҳеҷ ғаразе надошта бошанд. Ин гуфтаҳоро касе то ҳол тасдиқ накардааст ва нашри ин гуна матолиб дар фазои иттилоотӣ зуд-зуд сурат мегирад. Ба гуфтаи И. Файзалаӣ, эҳтимоли қавӣ он аст, ки ин панҷ нафар таҳсилкардаи худи Арабистони Саудӣ ҳастанд ва маблағе, ки ба онҳо пардохт мешавад, як кӯмаки бародарона бошад. Аммо Шероз Саломов бар инаст, ки ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудӣ ин рушд додани салафият дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи Саломов пайравони салафият мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва касе аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро эътироф намекунанд. Барои онҳо тамоми рӯҳониёни сунатӣ ё суфиянд ё шиа. Сахтарин тарғиби ин тоифа ин бемазҳабӣ аст, ки онҳо мазҳабро қабул надоранд, таъкид мекунад, Ш. Саломов.

Чанд сол қабл, вақте ҷараёни салафия тоза вориди Тоҷикистон мешуд, нуфузу таъсири он то долонҳои ҳукумат роҳ ёфт ва дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ҳам ошкорро аз ҳадафу барнома ва ғояҳои худ сӯҳбат мекарданд. Ҳарчанд бисёриҳо медонистанд, ки ин ҷараён аз ҷое дастгирии молӣ ёфта, пуштибонии ҳукуматдорони тоҷикро барои густариши худ ҳам дарёфт намудаанд. Дар таъийд ин гуфта, метавон ба суханони Саидмурод Фаттоев, собиқ мушовири Президенти кишвар ишора кард. Ӯ соли 2013 дар ҳамоише иллати хомӯшии ҳукумати Тоҷикистонро дар лобабои нуфузи зиёди ҷараёни салафия дар кишвар дар муносибатҳои хуби Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дида, гуфта буд, дар мавриди ингуна ҷараёнҳо бояд бо эҳтиёт суханронӣ кард, то ба иззати нафси касе нарасад. Зеро ин мазҳаби расмии баъзе аз кишварҳои Халиҷи Форс мебошад.

Дар зимн Зубайдуллоҳи Розиқ, роҳбари вақти Академияи исломии ҲНИТ ҳам муносибати ҳукуматдорони кишварро дар ибтидо бо салафиҳо хуб арзёбӣ намуда, мегӯяд, ҳукуматдорон аз ин ҷараён барои таблиғи ҳизби ҳоким истифода бурданӣ буданд. Аммо вақте ҳукумат дид, ки коре аз дасташон намеояд ва аз онҳо эҳсоси хатар кард, фаъолияти ин гурӯҳро мамнӯъ эълон намуд.

Бинобарин гуфтаҳо метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳукумат дар ибтидо худ барои густариш ва рушд ёфтани ҷараёни салафия дар Тоҷикистон мусоидат карду худ ба домаш гирифтор гардид. Аммо, дар баробари ин ба сарнавишти даҳҳо нафар аз ҷавонон, ки фирефтаи даъватҳои “зебо”-и баъзе аз зархаридону гумоштаҳои идораҳои махсус хатшадор гардид ва муддати зиёдеро паси панҷара гузарониданд.

Tags:

Share:

Leave Comment