Дирӯз Тоҷикистон гӯё ид дошт. Иди Ваҳдати миллӣ, иди созиш, иди ҳамдигарбахшиву ба ҳам омадан… Ҳарчанд дирӯз ид буд, аммо ба назар чунин мерасид, ки на ҳама ин идро ҷашн мегиранд. Зеро аз рӯйхати он дӯстоне, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доштам, қариб ҳама дар режими “онлайн” қарор доштанд. Ба худ гуфтам, шояд ин мардум иди Ваҳдатро ҷашн намегирифта бошанд. Пас қарор додам, бо чанд нафари онҳо дар мавриди чӣ гуна ҷашн гирифтани иди Ваҳдати миллӣ пурсон шавам.
Яке аз онҳо Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои “Ватан” бар ин аст, ки ин рӯз ҳам мисли ҳар рӯзи дигар дар эфир буд. “Дирӯз ду барнома доштам. Баъди эфир хона омадам ва фурсат ёфтам, ки бо духтарчаам машғул шавам, афсона гӯямаш. Дигар рӯзҳо ин вақту соат ман дар коргоҳам”-мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Ҷовид Гадоев, як корбари Фейсбук иди Ваҳдати миллӣ, ки ба рӯзҳои моҳи Рамазон рост омадааст, ӯ дар манзил буданро авлотар донистааст. Вале ният дорад, ки пас аз ифтор бо хонаводааш ба тамошои шаҳр барояд. “Ростӣ ман аз иду ҷашнҳои кишварамон ба хубӣ огоҳам ва то қадри имкон баъзеи онҳоро ҷашн мегирам. Иди Ваҳдат, ки иди сарнавиштсози барои мо тоҷикон аст, ҳатман бояд онро истиқбол бигирем”, таъкид мекунад, номбурда.
Аммо Солеҳ Абдуллоев, тоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ ҷашни Ваҳдати миллиро то ҳол ҷашн нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Зеро ба гуфтаи ӯ ҷашн гирифтани ид ин танҳо рақсу сурудхонӣ нест. “Ваҳдатро ҷашн нагирифтам ва намегирам, ба куҷо мерафтам, ба гуфтаи Шумо ба консертҳое, ки дар боғҳои Душанбе баргузор мегарданд? Магар Ваҳдат танҳо рақсу сурудхонӣ аст? Айб аст, ки сар то сар ҳамаи ВАО-и давлатӣ аз Ваҳдат лоф мезананду рӯз то рӯз ҳоли ҷониби дигари сулҳ бадтар мешавад. Имрӯз мардуми тоҷик махсусан ҷавонон баъди тамошои ТВ-ҳои давлатӣ намефаҳманд, ки агар воқеан Ваҳдат ин қадар кору бузургу зарурист, пас ҷониби дигар Ваҳдат кист? Магар Президент худаш бо худаш ҷангидаву дар охир сулҳкардааст?”.
Ин тоҷири ҷавон мегӯяд, иди Ваҳдатро замоне ҷашн мегирад, ки ҳукумат бо мухолифин дар як толор нишаста, он рӯзҳоро ёд мекунанд ва ба арвоҳи нафарони шаҳидшуда Қуръон хонанд.
Шӯҳрат Латифов низ бо С. Абдуллоев ҳамфикр аст ва номбурда умуман аз хона набаромадааст. Дар ин рӯз, ба хотири ёдбуди қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дуои хайре карда, порае аз Қуръон тиловат кунад, беҳтар аст. “Ҷанги шаҳрвандӣ ғолиб надошт, ҳама бохтанд ва рӯзи Ваҳдат ин рӯзи бохти ҳар ду ҷониб аст, ки билохира дарк карданд, ки танҳо ҷабр ба халқу миллат мешаваду бас. Насиб бегоҳ боғи марказӣ меравам ва каме истироҳат мекунам то бо қувваи нав боз дар хидмати мардум бошам”, меафзояд, Ш. Латифов. Шоира Ашӯрова, рӯзноманигор низ дар хона бо тарбияи фарзандонаш дар ин рӯз машғул шудааст. “Не ҷашн нагирифтам, дар ин моҳи Рамазон ба ягон ҷо баромадан хуш надорам”.