Ваҳдат-Ваҳдат надорад ё милиса дар оғил чӣ мекобад?

  • Home
  • -
  • Ваҳдат-Ваҳдат надорад ё милиса дар оғил чӣ мекобад?

Ваҳдат-Ваҳдат надорад ё милиса дар оғил чӣ мекобад?

 

Моҳияти рӯзи Ваҳдат ва ё ҷашни Ваҳдат, ки имрӯзҳо аз минбарҳои баланд садо медиҳад, чунин ба назар мерасад, ки барои иддае аз масъулини мақомоти қудратӣ асалан арзише надорад. Огоҳона ва ё ноогоҳона дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки имрӯзҳо хеле камранг ба назар мерасад ва омили камрангӣ ва заифии он тавре аз фазои ба вуҷуд оварда маълум аст, масъулини мақомот мебошанд, ҳамоно фишору таъқибҳо болои аъзои ҲНИТ ба таври густурда идома дорад.

Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат Ҳамзабек Нуров имрӯз 26 июни соли ҷорӣ ба “Наҳзат” иттилоъ дод, ки бародараш дар як тамоси телефонӣ ба ӯ хабар додааст, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш тариқи телефонӣ сӯҳбат кунад. Номбурда мегӯяд, ки вақте бо ҳамсарам сӯҳбат кардам, ӯ бо овози гиряолуд гуфт, як нафар бо сару либоси корманди шуъбаи корҳои дохила ҳамроҳ бо шаш нафар, тақрибан соатҳои 15.00 бидуни иҷозат вориди хона шуда меҳмонхона ва ҳатто оғилхонаро кофтукоб карданд. Сипас пурсиданд, шавҳарат куҷост? Чаро се рӯз боз ин ҷо нест? Ҳамзабек Нуров инчунин илова кард, ки ин гурӯҳ ҳатто худро муаррифӣ накарданд, ки аз кадом ниҳоданд.

Ба гуфтаи Ҳамазабек Нуров дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар шуъба ва бахшҳои ҳизбро иҷборан таҳти фишор ва таъқиб мехоҳанд фаъолияти худро қатъ кунанд. Ин ҳама мушкилзоии мақомот пас аз баргузории интихоботи парлумонии имсола аввал болои аъзои ҳизб, сипас болои раисони шуъба ва бахшҳои ҲНИТ иттифоқ афтодааст. Чунин муборизаҳое, ки хилофи тамоми меъёрҳои қонунӣ ва оинномаи ҳизб мебошад, таъкид мекунад, Ҳ. Нуров. Талаботи мақомоти қудратӣ барои қатъ кардани фаъолияти бахшҳои ҳизб дар минтақаҳо тибқи Оинномаи ҳизб дар салоҳияти раиси бахш нест ва ин салоҳияти истисноии Раёсати Олии ҲНИТ аст, меафзояд, Ҳ. Нуров.

Ҳарчанд то кунун мустақиман чунин ҳолат бо бахши Ваҳдат рӯх надодааст, вале тавассути дигарон чунин паёмҳо фиристоданд, ки ин ҳама талошҳои шумо бефоида аст ва ин ҳизб рафта-рафта ба як ҳаракати террористӣ табдил меёбад ва бояд шумо фаъолияти онро қатъ кунед, мегӯяд, Ҳ. Нуров.

Дар охир раиси бахши ҲНИТ дар Ваҳдат гуфт, танҳо ба хотири рӯзҳои шарифи Ваҳдати миллӣ  ва рӯбарӯ нашудан бо мақомот чанд рӯз аст, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ қарор дорад ва умед аст, масъулин аз ин иқдоми ғайриқонунии хеш худдорӣ кардаву боз волоият ва эҳтироми қонун фазои ҳамдигарнофаҳмӣ ва нобовариро хоҳад гирифт.

Tags:

Share:

Leave Comment