Ҷавоби Муҳаммадалии Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ба рӯзноманигорон дар нишасти матбуотии 22 июн дар қароргоҳи марказии ҲНИТ.

– Дар робита ба аризаҳо бояд гуфт, ки ҳанӯз 8-уми майи соли ҷорӣ Шӯрои сиёсии ҳизб қарор қабул кард, ки аризаҳое, ки бо роҳи фишор аз аъзои ҲНИТ ва ҳамчунон барои қатъи фаъолият дар маҳалҳо сурат мегиранд, онҳоро ҷамъоварӣ кунем, аммо то ҳол ҳисоб нашудаанд, зеро мо ин аризаҳоро ғайриқонунӣ мешуморем. Эҳтимол дорад, ки КДАМ, ки чунин аризаҳоро ҷамъ овардааст аз тариқи шабакаи аввал эълон хоҳад кард, вале мо онро қабул надорем. Дар мавриди барномаҳои минбаъда бошад, чун мо ба Президенти кишвар муроҷиат кардем ва мунтазири посухи расмӣ ҳастем. Дар сурати посухи расмӣ надодан, ҳаммонанди раиси КДАМ, ки ба мо ҳеҷ посухе ироа надоштанд, мо инро ҳамчун беэҳтиромӣ ба Сарқонун, қонунҳо ва беэҳтиромӣ ба савганди ёдкардаи раисиҷумҳур мепиндорем. Ва дар сурате, ки мақомот дар ростои манъ кардани ҳизб иқдоме кард, мо онро дар судҳои дохилӣ ва дар ояндаи наздик Худо хоҳад ба судҳои байналмилалӣ ба баҳс хоҳем кашид. Дар мавриди раиси ҳизб, Муҳиддин Кабирӣ бошад, чун тақҳиру фишору таъқиб беандоза зиёд буд, баъзе аз аъзои Шӯрои сиёсӣ тавсияҳое доданд. Радиои “Озодӣ” аз Зубайдуллоҳи Розиқ посух гирифту аз номи Шӯрои сиёсӣ чоп кард, ҳарчанд Шӯрои сиёсӣ дар омадану наомадани раиси ҳизб ҷаласае доир накарда буд ва ҳеҷ тавсияи расмие аз номи Шӯрои сиёсӣ набуд. Вале баъд аз ин овоза Шӯрои сиёсӣ ҷаласа орост, ин мавзӯъро баҳсу баррасӣ кардем ва имрӯз ҳам таъқибу фишорҳо натанҳо болои аъзои ҳизб, балки болои раиси ҳизб зиёд шудааст. Бахусус замоне, ки бидуни кадом таҳқиқу парвандае эълон доштанд, ки нисбати Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Наворҳои сохтаи худро мақомоти амниятӣ дар ҷаҳони виртуалӣ гузоштанд, бинобарин имрӯз мо аксари аъзои Шӯрои сиёсӣ баринем, ки раиси ҲНИТ муддате боз дар берун боқӣ монанд. Ҳарчанд онҳо рӯзҳои ахир гуфтанд, ки дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ширкат мекунанд, вале Ҳизби наҳзат дигар ҷашни ваҳдат надорад. Бубинед, ваҳдате, ки якҷониба бошад, ваҳдате, ки сарупо пур аз таҳқиру таъқиби ҷониби дигар сулҳ бошад, чунин ваҳдатро қабул надорем ва ба раиси мӯҳтарам Муҳиддин Кабирӣ тавсия медиҳем, ки то ваҳдати воқеӣ побарҷо нашавад, то фишору таҳқир болои аъзои ҳизб қатъ нашвад, то оне, ки раисиҷумҳур вокуниши ҷиддӣ ва сареъ нисбат ба қонуншиканиҳои мақомот ироа надоранд, раиси ҳизб дар хориҷ боқӣ монанд.
– Баъзе аз мақомоти ҳукуматӣ ҲНИТ-ро ба он гунаҳкор мекунанд, ки гӯё ҳизб ҷомеаи мусалмононро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад. Ва дигар суол ин аст, ки гӯё бархе аз аъзои ҲНИТ дар масҷидҳо ҳизбро ташвиқу тарғиб мекарданд?
– Мо ҳеҷ гоҳ мардуми мусалмонро ду порча накардаем ва нахоҳем кард. Ин ҳукумату амният, мақомоти дохилаву иҷроия ҳастанд, ки мусалмонҳоро ба худиву бегона тақсим кардаанд. Мо дар фикри тақсим кардан набудем ва нахоҳем буд. Дар робита ба имомхатибон, имрӯз ҳамагон огоҳанд, ки кормандони иттиҳодияҳои динӣ бидуни мувофиқае бо КДАМ ба ҳеҷ мақоме дар иттиҳодияҳои динӣ ҷойгузин намешаванд, куҷо расад ба аъзои ҲНИТ. Бале, дар гузашта, баъзе афроди Ҳизби наҳзат ҳамчун имомхатиб ё корманди иттиҳодияҳои динӣ фаъолият доштанд. Замоне, ки мухолифати он бо қонун муайян карда шуд, ба мо тариқи расмӣ муроҷиат карданд, мо аз ҳама хоҳиш кардем, ки аъзои ҲНИТ аз имомхатибӣ ва муттавалӣ будан берун рафтанд. Имрӯз кор ба ҷое расидааст, ки ҳукумат, амният, умури дохила, мақомоти андозу дигар аъзои наҳзатро аз ҳама ҷо меронанд, пас куҷо расад, иттиҳодияҳои динӣ ё масоҷиди ҷомеи кишвар, ки дар ихтиёри КДАМ ҳастанд.