А. Камолов: Президенти мо доимо кор кунад, вале аз қонун берун набарояд

  • Home
  • -
  • А. Камолов: Президенти мо доимо кор кунад, вале аз қонун берун набарояд

А. Камолов: Президенти мо доимо кор кунад, вале аз қонун берун набарояд

 

Тамоми аъзои ҲНИТ дар ноҳияи Данғара зери фишору таъқиб қарор доранд. Дар Данғара аз рӯйи қонун амал намекунанд, он ҷавононе, ки аъзои ҳизби наҳзат ҳастанд, зери фишор қарор доранд. Бахусус Султонов, узви ҲНИТ, ки муддати 4-5 сол аст, ки хона сохтааст, бо баҳонаи он ки хонаи ӯ ғайриқонунӣ аст, гуфта, ӯро ҳабс кардаанд, ҳатто ба падараш ӯро нишон намедиҳанд, то бо ӯ сӯҳбат кунад ё ягон маводи ғизоӣ ба ӯ бидиҳад. Ин масъаларо бо Прокурори ноҳияи Данғара баррасӣ кардем, ӯ чизе гуфта наметавонад. Замона ҳамин хел аст, ки ӯ низ метарсад. Зеро қаблан муовини раиси ҳукумат гуфта будааст, ки ҳамаи шумо аз сафи ҳизби наҳзат бароед, вале ин оила набаромадаанд. Аз ин рӯ, ин бинои манзили зисти онҳоро, ки сертификат ҳам дорад, баҳона карда, нисбати Султонов парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва ӯро маҳбасӣ кардаанд. Ба ғайр аз ин, аъзои ҲНИТ дар ноҳияи Данғара газетаи “Наҷот”-ро фурӯхта наметавонанд, ҳатто барои газетфурӯшӣ якчанд нафарро суд ҷарима кард. Қонун барои аъзои наҳзат ҳасту барои дигарон не. Агар Султонов қонунро вайрон карда бошад, мушкиле нест. Вале бинед, ки писари яке аз раисони ҷамоат дар ноҳияи Данғара 18 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст, ки инро тариқи телевизион ҳама дид. Он ҷавони порагирирфта дар хонаи худ озодона гашта истодааст, чаро барои ӯ касе на парванда боз мекунанд ва на ҳабсаш мекунад? Халқро дар ноҳияи Данғара ба табақаҳо ҷудо кардаанд ва дар бештари фишорҳо ман ба назди мақомот худам меравам ва онҳоро тариқи қонун мефаҳмонам, вале қонун ба онҳо дахл намекунад. Одамоне, ки савод доранд, дастҳояшон аз осмон канда шудаасту пойҳояшон аз замин, ҷойи мондани дасту по надоранд. Мо аввал аз гуфтаҳои Худо намебароем, чунки гапи Ӯ дар Қуръони карим аст, дигар тибқи Конститутсия амал мекунем. Конститутсияе, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар дигар ҷо нест, вале афсус, ки риоя намешавад…

Мо чандин президентҳои дигарро дида будем, ки чанд нафарашон адолатпарвар буданд ва то имрӯз номҳояшон дар таърих мондаасту мо онҳоро дӯст медорем. Вале нисбати онҳое, ки беадолатӣ кардаанд, нафрат дорем. Мо ҳаракат мекунем, ки президенти мо доимо кор кунад, вале аз қонун берун набарояд ва ҳар нафаре, ки ба гуфтаҳои ӯ намекунад нисбати ӯ чора бинанд. Барои чӣ фарзандони табақаи болоӣ дар Артиши миллӣ хидмат намекунанд, вале писарони моро бо баҳонаи узви ҲНИТ-гӯён, аз кор гирифтанд.

Аз суханронии А. Камолов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Данғара дар нишасти матбуотии 22 июн дар қароргоҳи ҲНИТ

Tags:

Share:

Leave Comment