Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Сино Ҳасанзода, раиси бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Панҷакент
– Феълан бахши ҲНИТ дар Панҷакент фаъолияти худро чи тавр пеш мебарад? Бархурд ва муносибати мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо созмони ноҳиявӣ чи гуна аст? Чун солҳои қаблӣ аст ва ё тағйир хурдааст?
– Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Бахши ҲНИТ дар Панҷакент ҳаддалимкон фаъолияти худро идома дода истодааст. Вале фаъолияти бахши мо ва умуман дигар бахшҳои ҳизб дар вилоят танҳо талош барои ҳифзи фаъолияти минбаъда ва устувориву пойдорӣ ва муқовимат дар муқобили фишорҳои ноҷавонмардонаи мақомоти маҳаллӣ аст. Баъди интихоботи парлумонии соли 2010 муносибати мақомот бо мо комилан тағйир ёфт ва бахусус баъди дарҷ ва ифшо гардидани санади махфии зиддиконститутсионии маъруф ба “Протоколи 32-20” фишорҳо болои ҳизб, аъзо ва масъулини он шурӯъ шуданд. Аммо бо гузашти интихоботи парлумонии пур аз тақаллуб ва тахаллуфи моҳи марти соли 2015 фишору таҳдиду таҳқиру тавҳини мақомот бо ҳар баҳона ба авҷи аълои худ расид. Аслан ин фишору зӯровариҳо муқобили бахши ноҳиявӣ, чуноне пештар ҳам қайд кардам, пеш аз интихоботи ахири вакилон барои Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ оғоз шуда буданд. Дар моҳи майи соли гузашта мақомоти маҳаллӣ бо баҳонаи таҷдиди роҳ вале бидуни кадом огаҳии расмӣ, қисмате аз бинои қароргоҳи бахши ноҳиявиро хароб карданд. Мо барои рӯёнидани товони хисороти моддиву маънавии ворида аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳри Панҷакент ба додгоҳи шаҳр даъво бурдем, аммо мутаассифона, ҳамон гуна, ки аз қабл медонистем, то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст.
– Ба андешаи Шумо иллати тағйири мавқеъ ва муносибати масъулин бо ҳизби шумо чӣ буда метавонад?
– Ба назари банда чунин муносибати мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия пурра дастури “боло” буда, иллаташ ҳам возеҳ аст ва он чизе ҷуз нуфузи рӯзафзуни ҳизб дар байни ақшори гуногуни мардум нест. Аз он ҷиҳат ки ҲНИТ миёни мардум ҷонибдорон ва ҳаводорони зиёд пайдо карда ва пайдо карда истодааст, рашки мақомотро меоварад ва онҳо барои ҷилавгирӣ аз обрӯи рӯзафзуни ҲНИТ чораеро ба ҷуз аз зӯргӯиву фишороварӣ ва таҳқиру тавҳин алайҳи он надиданд ва аз инрӯст, ки пайваста фишору зулмро боли он таҳмил мекунанд. Тарафи дигари дигаргунӣ дар мавқеъгирии мақомот афзоиши бесобиқа ва рӯзафзуни суфуфи намозгузорон миёни аҳолӣ ва дар умум бештар рӯ овардани мардум ба дину оин аст. Мақомот дар симои ҳар як намозгузор ҷонибдори Наҳзатро мебинад, ки ин иштибоҳ ва хатои маҳз аст. Чунки на ҳамаи ин нафарон ба ҲНИТ иртибот ва ҳатто бархеашон таваҷҷӯҳ доранд. Онҳо танҳо фароизи мазҳабӣ ва қарзи имонии худро адо мекунанду бас.
– Мардуми ноҳия рафтори масъулин бо бахши ноҳиявиро чӣ тавр арзёбӣ мекунанд?
– Албатта, сатҳу мизони фаҳмишу биниши сиёсии мардум рӯз то рӯз дар ҳоли такмилёбӣ ва болоравӣ аст ва тафриқа васати ҳаққу ботил низ дар ин рӯзҳо хеле ошкортар шудааст ва бисёре аз мардум ин гуна муносибати носолими мақомот нисбати ҲНИТ ва поймолсозии ҳуқуқҳои қонуниву конститутсионӣ ва арзишҳои миллӣ-мазҳабиро маҳкум менамоянд. Ҳатто касоне, ки пойбанди чунин арзишҳо нестанд низ аз ин рафтори мақомот норозигии хешро изҳор мекунанд. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки бархе аз кормадони ин мақомот дар сӯҳбатҳои алоҳида норозӣ будани худ аз чунин сиёсат ва мавқеъгириҳоро изҳор медоранд, вале мегӯянд, ногузиранд, чун бояд дастурро иҷро кунанд, фармонбардоранд ва на фармонраво. Зеро онҳо ҳам фарзандони ин мардуманд, фарзанди мусалмонанд ва ин ҳама таҳқиру иҳонат ба дин ва рӯҳониятро бо азоби алим таҳаммул мекунанд, дар қалб ва мағзи ҷон мухолиф ва зидди чунин аъмол ва мавқеъгиранд. Ҳатто бархе аз онҳо узру пузиш металабанд.Онҳоро ҳам дарк кардан мумкин аст, чунки наметавонанд аз амру дастури роҳбарият сар боз тобанд… Зимнан ҳодисаи фирори полковник, сардори дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохила Гулмурод Ҳалимов далели рӯшани норизоиятии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сиёсатҳои динситезонаи мақомот аст, ки оқибатуламр натавонист, виҷдонаш нораҳат кард, азобаш дод, ки ин ҳамаро муроқибат карда аксуламале нишон дода наметавонад ва мутаассифона роҳи раҳоӣ аз ин муҳити носолимро дар фирор ва пайвастан ба чунин гурӯҳҳо пайдо кард. Дар ҳар сурат маслиҳат ва даъвати банда аз масъулини ин ниҳодҳо ҳамин аст, ки дар сиёсатҳои худ дар робита ба дин таҷдиди назар кунанд ва ба эҳсосоти басо муқаддас ва ниҳоят нозуки мардум бозӣ накунанд, ки авоқиби пешгӯинашавандаро дар пай хоҳад дошт.
– Бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Панҷакент чанд ячейка ё созмонҳои ибтидоиро дарбар мегирад?
– Бахши ҳизб дар шаҳру деҳоти Панҷакент аъзои худро дар даҳ ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид кардааст. Ин созмонҳо фаъолияти худро дар чаҳорчӯби оиннома ва қавонини ҷории кишвар роҳандозӣ карда қадаме фаротар аз қоида ва меъёрҳо ҷорикардаи давлат берун нагузоштаанд ва минбаъд, дар оянда низ иншоаллоҳ нахоҳанд гузошт.
– Дар кадом русто ё деҳшӯро созмони аввалияи ҲНИТ дар Панҷакент фаъолияти назаррас ва қобили таҳсин дорад?
– Дар яке аз ташкилотҳои ибтидоии шаҳр ҳамчунин деҳаҳои Ёрӣ, Озодагон ва Қумоқ фаъолият нисбатан назаррас мебошад. Вале чӣ хеле, қаблан арз кардам ҳоло фаъолият танҳо ба хотири ҳифзи мавҷудияти шӯъба аст.
– Дар баробари ин ҳама фишорҳову таъқибҳо шумо чӣ вокуниш нишон медиҳед?
– Фишорҳо болои бахши ҳизб асосан аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ ворид карда мешаванд. Барои мисол танҳо худи маро, ки масъули бахш ҳастам, то имрӯз шаш- ҳафт бор ба шӯъбаи амният даъват карданд ва ҳадаф аз ин ҳама даъвату сӯҳбатҳои дилгир ва хастакунанда як чиз аст, мехоҳанд моро водор созанд, то худамон бо дасти худ фаъолияти бахши ҲНИТ-ро қатъ намоем.
Мо тамоми аксуламали худро дар доираи қонун анҷом додаем ва вокуниши мо то имрӯз иборат аз шикоят бурдан ба прокурори шаҳр ва расонаӣ намудани баъзе аз маворид ва ҳолатҳои қонуншикании мақомот буд. Аммо, мутаассифона, натиҷа ба ҷои баррасии шикоят, водорсозии мо ба пас гирифтани шикоятҳоямон буд.
ҲНИТ дар Панҷакент чи миқдор аъзо дорад ва аз ин шумора чӣ қадарро бонувон ташкил медиҳанд?
– Теъдоди аъзои ҳизб, ки дорои ҳуҷҷати асосӣ- яъне варақаҳои шахсӣ (личная анкета) мебошанд, 1167 нафар аст, ки аз ин шумора тақрибан 150 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
– Муносибат ва ҳамкории созмони ҲНИТ дар ноҳия бо созмонҳои ноҳиявии аҳзоби дигар чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
– Дар Панҷакент ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд, ки бо мо дар муносибати хуб ҳастанд. Албатта, дар ин авохир робита бо ҲХДТ як каме камранг шудааст, ки бидуни шак таҳти таъсири амалкарди мақомот, ки аксарият узви ин ҳизбанд, сурат мегирад.
– Бори ахир кай узви нав ба ҳизб қабул кардед?
– Бори охир қабл аз интихобот аъзо қабул карда будем.
– Роҳбарияти ҲНИТ дар баробари ин ҳама тазъиқ ва зӯргӯии мақомот боз ҳам аз сиёсати сабр ва таҳаммул кор мегиранд. Фикр мекунед оё ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҳизб ислоҳот ворид кардан лозим аст ё умуман пешниҳоде дар ин замина доред?
– Албатта, сабр аз даст задан ба қонуншиканӣ ва кирдорҳое, ки сабаби ноамнии ҷомеа мегардад ҳазорон маротиба муфидтар аст ва ин кору принсипи ҳамешагии мост. Агарчӣ мақомот ошкоро қонуншиканӣ карда истодаанд. Вале мо инро сабаби асосии ноамнсозии давлату ҷомеа ва аз байн рафтани бовару эътимоди мардум ба давлат дониста ҷавоби мисл намедиҳем.
Банда як пешниҳод ба ниҳоди тасмимгирандаи ҳизб, яъне Раёсати Олӣ дорам ва он ҳам ин аст ки ҷиҳати ҳифзи фаъолияти минбаъда бигзор ҳизб тағйири ном намояд, масалан ҲИЗБИ НАҲЗАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, чун иддаъои асосии мақомот, ин аст ки мегӯянд , шумо аз номи Ислом сӯиистифода мекунед ва азин қабил ҳарфҳо…
– Таблиғ ва ташвиқи бастани ҲНИТ ва сиёҳу бадном кардани масъулини он дар расонаҳоро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
– Мутмаин ҳастам, ки ҳамаи ин сиёҳкунӣ, иттиҳомоту бадномсозиҳои шахсиятҳои ҳизбӣ ва ташвиқу тарғиби бастани фаъолияти ҳизб ҳадафмандона ва аз “боло” маншаъ мегирад. Мардуми оддиро ба ин корҳо аслан не ҳавасеву на ҳавсала аст ва эшон аслан ба ин чизҳо таваҷҷӯҳе ҳам надоранд.
– Дар сурати бастани ҳизб аъзои он дар Панҷакент фаъолияти худро чӣ тавр идома медиҳанд? Ё бовар доред, ки ҲНИТ баста намешавад?
– Бо бастани як ҳизб мавқеъи сиёсии мардум ва афкору эътиқоди сиёсӣ тағйир намеёбад ва дар сурати баста шудани фаъолияти ҳизб низ аъзову фаъолони он робитаҳои дӯстона ва бародаронаи хешро идома хоҳанд дод. Тамоми талошҳои мақомот ин муқаддимаи бастани фаъолияти ҲНИТ аст. Қасд доранд сабаби бастани фаъолияти ҳизбро ба таври табиӣ ва бидуни фишор ҷилва диҳанд, яъне ба пиндори эшон ниҳодҳои поёнии ҳизб бо аз даст додани обрӯву нуфуз дар байни мардум таври ихтиёрӣ пароканда хоҳад шуд, ки ин сиёсати ноҷавонмардонаро маҳкум ба шикаст медонам.
– Созмони шумо айни замон қароргоҳи доимӣ дорад?
– Тавре дар боло зикр намудам, қароргоҳи бахши моро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар арафаи маъракаи пешазинтихоботӣ бе гирифтани ризояти соҳибмулк, бе пардохти ҷуброни зарар ва бе огоҳии хаттӣ, чуноне қонунгузор ин ҳама талаботро дар чунин ҳолатҳо пешбинӣ кардааст, вайрон карда буданд. Мо чанд моҳ пештар аз интихобот ба раиси шаҳр муроҷиати расмӣ намуда будем, ки бахши ҳизбро муваққатан бо дафтари корӣ таъмин намоянд, ки дар чунин шароит ва бо чунин муносибат табъан, ки ҷавоби рад гирифтем.
– Моҳона чӣ қадар ҳаққулузвият ба хазинаи ҳизб аз тарафи бахши ноҳиявӣ пардохт карда мешавад? Умуман аз чӣ тариқе аъзои ҳизб аъзоҳаққии худро месупоранд?
– Бо дарназардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодии аъзо мо дар масъалаи пардохти ҳаққулузвият ва кӯмакҳои хайриявӣ сахтгирӣ намекунем вале ба ҳар ҳол аз рӯи имконият пардохт шуда истодааст, ки дар асоси талаботи Оинномаи ҳизб 50 дарсади он ба зинаи болоии ҳизб ирсол карда мешавад.
Аз идора: Сино Ҳасанзода 27 сентябри соли 1974 дар ш. Панҷакент дар хонаводаи омӯзгорон ба дуне омада, соли 1991 мактаби миёнаи 29-и ҳамин шаҳрро хатм намудааст. Сипас соли 2002 Коллеҷи тибии ш. Панҷакентро бо дарёфти ихтисоси дандонсози дандонпизишкӣ ба анҷом расонида, ҳамзамон таълими ибтидоии диниро дар назди баъзе толибилмони мадрасаи ба номи “Олим Додхо”-и шаҳри Панҷакент, ки он солҳо фаъолият дошт, фаро гирифта буд.
Соли 2014 ба таври ғоибона Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро бо дарёфти тахассуси омӯзгори улуми исломӣ ба поён расонида, аз соли 2000 бо пайвастан ба сафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба фаъолиятҳои сиёсии худ оғоз бахшидааст. Солҳои 2002-2004 раисии бахши ҳизбро дар ноҳияи Панҷакент бар ӯҳда дошт ва солҳои 2010-2012 масъули комиссияи тафтишотии бахши ноҳиявии ҳизб ва соли 2012 то ҳол дубора раиси бахши ҳизб дар Панҷакент интихоб шудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.