10 сол устуворӣ ва ҷасорат дар асорат

  • Home
  • -
  • 10 сол устуворӣ ва ҷасорат дар асорат

10 сол устуворӣ ва ҷасорат дар асорат

nahzat September 17, 2025 0 Comments
Имрӯз даҳ сол аз рӯйдоде мегузарад, ки соли 2015 аксари аъзои Раёсат ва гурӯҳе аз фаъолони ҲНИТ боздошт шуданд. Онҳо метавонистанд кишварро тарк кунанд ё дигар ба ватан барнагарданд, аммо бо итминон ба бегуноҳии худ чунин роҳро напазируфтанд. Онҳо боқӣ монданд, зеро ба арзишҳои инсонӣ ва меъёрҳои демократӣ содиқ буданд ва барои густариши ин арзишҳо мубориза мебурданд.
Бо вуҷуди ин, ҳукумати худхондаи «демократӣ» онҳоро боздошт ва пушти дарҳои баста муҳокима намуда, ба солҳои тӯлонии ҳабс маҳкум кард.
Ин афрод дар паси панҷара низ ҳамон гуна, ки дар озодӣ буданд, устувор ва побарҷо боқӣ монданд ва ба намунаи ҷавонмардӣ, матонат ва азхудгузаштагӣ табдил ёфтанд. Таърих бо ифтихор аз ҷасорат, устуворӣ ва муборизаҳои онҳо ёд хоҳад кард.
Мисолҳои равшан аз ҷавонмардӣ ва устувории онҳо бисёр аст. Вақте муфаттишон ва кормандони зиндон Сафаралии Оевро маҷбур карданд, ки алайҳи Қиёмиддин шаҳодат диҳад, ӯ дар додгоҳ ошкоро эътироф намуд, ки маҷбур ба додани шаҳодати дурӯғ шудааст. Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки кӣ маҷбур кард, ҷавоб дод: «Худи ту маро латукӯб карда, маҷбур намудӣ». Ӯ омода шуд, ки азият ва фишори зиндонро бипазирад, аммо бар зидди ҳамсангари худ туҳмат накунад. Ҷавонмардие, ки назирашро дар таърих кам дидаву шунидаем.
Ҳамчунин дар толори суд, вақте хонум Зарафо Раҳмонӣ бо ҳолати беморӣ ва хастагӣ сухан мекард, Сайдумар Ҳусайнӣ ба додрас гуфт: «Ҳар чанд соле, ки мехоҳед ба ин бону бидиҳед, ба ман диҳед, вале ин хоҳарро озод кунед». Ин низ намунаи олитарини фидокорӣ ва инсондӯстӣ мебошад.
Баҳси ҷасуронаи Муҳаммадалии Ҳаит бо муовини раиси амният Абдулазиз Ҷалов дар суд авҷи ҷасорату шаҳомати ин родмардон аст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз боздошти онҳо тамоми талоши худро равона сохт, то ин муборизони роҳи озодӣ ва адолат аз зиндон наҷот ёбанд. Дар ибтидои соли 2016 вакилони мудофеъ аз Туркия ва Русия барои кумаки ҳуқуқӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Гарчанде онҳо низ боздошт гардиданду натавонистанд кори муассире анҷом диҳанд, вале натиҷаи сафари онҳо ба нашри нахустин маҷаллаи вижа дар бораи зиндониёни сиёсӣ ва вазъи Тоҷикистон оварда расонд.
Баъдан парвандаи онҳо ба Комиссияи ҳуқуқи башари СММ пешниҳод шуд ва ин ниҳод хулосаи худро дар бораи зарурати озодии беқайду шарти онҳо содир кард. Дар пайи ин иқдом ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои минтақаӣ мавҷудияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро расман эътироф намуданд.
Бо вуҷуди ҳама мушкилиҳои сиёсӣ ва танишҳои минтақавӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо умед талошҳои худро барои озодии зиндониёни сиёсии худ ва ҳамаи зиндониёни сиёсии тоҷик идома хоҳад дод.
Бо орзуи озодии ҳарчи зудтари ҳамаи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.
Бобоҷон Қаюмзод
Сухангӯи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Tags:

Share:

Leave Comment