Исломҷон Саидов, роҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 31 октябри соли 2026 дар мулоқот бо аъзо ва ҷонибдорони ҳаракат дар Вилнюс гуфт, ки фаъолияти НИТ бояд ба низомнома, масъулияти ниҳодҳо ва барномаҳои мушаххас такя кунад. Дар ин вохӯрӣ иштирокчиён масъалаҳои истиқлоли тасмимгирӣ, таъмини молиявӣ ва нақшаҳои ояндаи ҳаракатро ба баҳс гузоштанд.
Мулоқот дар пойтахти Литва тибқи барномаи кории НИТ баргузор шуд ва беш аз се соат идома кард. Қисми аввали он ба суханронии роҳбари ҳаракат ва қисми баъдӣ ба саволу ҷавоби аъзо бо роҳбарият бахшида шуд.
Роҳбари НИТ дар суханронии тақрибан 40-дақиқаии худ зарурати риояи Низомнома ва тақвияти фаъолияти сохторҳои ҳаракатро шарҳ дод. Ӯ таъкид кард, ки мутамарказ кардани фаъолияти як ташкилот дар атрофи як шахс метавонад самаранокии онро коҳиш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто агар чунин равиш дар марҳилае натиҷаи мусбат диҳад, он аксаран кӯтоҳмуддат хоҳад буд.
Ӯ фаъолияти бар пояи қоидаҳо ва тақсими равшани масъулиятро заминаи устувории ҳаракат донист. Ба арзёбии роҳбари НИТ, ҳар ниҳод бояд вазифаи худро бидонад, масъули иҷрои он бошад ва дар доираи Низомнома кор кунад.
Пас аз суханронӣ аъзо ва ҷонибдорони НИТ саволҳо ва нигарониҳои худро мустақиман ба роҳбарият пешниҳод карданд. Яке аз масъалаҳои асосӣ истиқлоли ташкилии ҳаракат буд. Иштирокчиён пурсиданд, ки НИТ чӣ гуна мустақилияти худро ҳифз мекунад ва пуштибонии эҳтимолии кишвар ё ниҳоди хориҷӣ то куҷо метавонад ба тасмимҳои он таъсир расонад.
Таъмини молиявӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот гардид. Иштирокчиён гуфтанд, ки идомаи фаъолияти ҳаракат ба заминаи устувори иқтисодиву молиявӣ ниёз дорад. Онҳо хостанд бидонанд, ки кадом сохтор масъули ин самт аст ва барои таъмини хароҷоту пешбурди барномаҳои НИТ чӣ нақшаҳо вуҷуд доранд.
Бахши дигари саволҳо ба барномаи солона ва нақшаҳои дарозмуддати ҳаракат дахл дошт.
Иштирокчиён бар зарурати дастрас будани барномаҳо ба аъзо таъкид карданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳар узв бояд бидонад, ки ҳаракат чӣ ҳадаф дорад, дар як соли пешорӯ кадом корҳоро анҷом медиҳад ва барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат чӣ роҳеро интихоб кардааст.
Дар мулоқот ҳамчунин омодагии НИТ ба буҳронҳои эҳтимолии амниятӣ дар Аврупо баррасӣ шуд.
Дар посух эътироф шуд, ки НИТ то ин вақт дар ин замина таҳлили ҳамаҷониба ва барномаи мушаххас таҳия накардааст. Роҳбарият аҳамияти масъаларо пазируфт ва зарурати омӯзиши ҷиддии онро таъкид кард.
Дар натиҷаи муҳокима қарор шуд, ки ба Маркази таҳлилии НИТ супориш дода шавад, то сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъ, паёмадҳои сиёсиву амниятӣ ва таъсири онҳоро ба фаъолияти ҳаракат баррасӣ кунад. Ҳадаф аз ин кор омода кардани арзёбии воқеъбинона ва мавқеи равшан барои рӯ ба рӯ шудан бо таҳаввулоти эҳтимолӣ мебошад.
Роҳбари НИТ ва шахсони масъул ба саволҳои дигари аъзо низ посух доданд. Муҳокима ҳам масъалаҳои дохилии ҳаракат ва ҳам шароити беруниеро фаро гирифт, ки метавонанд ба кори он таъсир расонанд.
Дар ҷараёни мулоқот бар иштироки фаъолонаи аъзо дар баррасии масъалаҳои муҳим, риояи қоидаҳои дохилӣ ва равшан будани масъулияти сохторҳо таъкид шуд. Яке аз масъалаҳои меҳварии вохӯрӣ ин буд, ки ҳадафҳои умумии ҳаракат бояд ба нақшаҳои мушаххаси корӣ табдил ёбанд ва аъзо аз ҷараёни иҷрои онҳо огоҳ бошанд.
Дафтари матбуоти
Наҳзати исломии Тоҷикистон