МАТНИ СУХАНРОНИИ УСТОД МУҲИДДИН КАБИРӢ ДАР ҲАМОИШИ ЭЪЛОНИ НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ РОҲБАРИ НИТ
19.09.2026
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Бародарону хоҳарони гиромӣ!
Ҳамватанон ва ҳамраҳони азиз, дар ҳар куҷои олам, ки бошед!
Расо, 20 сол пеш, сентябри 2006 аввалин суханронии худро ҳамчун роҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон анҷом додам ва ҳоло, сентябри 2026 ин охирин суҳбати ман дар ин симмат хоҳад буд. Дар он сӯҳбат ваъда дода будам, ки ҳарчӣ дар тавонам ҳаст, онро дар хидмати миллат, кишвар ва таҳаққуқи арзишҳо ва аҳдофи Наҳзати Исломӣ хоҳам гузошт. Имрӯз бошад бо итминони хотир ва оромиши қалб Худовандро сипос мегӯям, ки дар ин масир маро содиқ ва устувор нигаҳ дошт ва то лаҳзаи супоридани масъулият ба ин аҳдоф ва арзишҳо пойдор боқӣ мондам.
Ҳар инсон барои расидан ба дастовардҳое ниёз ба кӯмак, пуштибонӣ ва муҳити созгор дорад. Банда ҳам истисно набудам ва нестам. Пеш аз ҳама Парвардигори Маннонро ҳамду ситоиш мекунам, ки ҳарчӣ дорам аз лутфи уст.
Баъдан, аз волидайни азизам миннатдорам, ки маро чунин тарбият карданд ва арзишҳои диниву миллиро дар қалбу зеҳнам ҷой доданд, сифатҳоеро дар ман мустаҳкам карданд, ки барои анҷоми масъулиятҳоям ва убур аз имтиҳонҳои сершумор кӯмак карданд. Фикр мекунам муҳимтаринашон сабр, устуворӣ ва таҳаммулгароӣ буд, ки бидуни он роҳбари як ҳаракати мубориз будан дар чунин шароит имкон надорад. Хости Худованд ва табиати мубориза будааст, ки натавонистам ҳардуро бо дастони худ ба хок биспорам ва сафари охираташонро бубинам. Имрӯз ҳам эҳсос дорам, ки ҳарду зинда ва мунтазири бозгашти фарзанд аз сафаранд. Инчунин, сипосгузор ба аҳли хонавода ва оилаам ҳастам, ки ҳар лаҳза ва дар ҳама ҳолат пуштибонӣ ва муҳаббати онҳоро бо худ доштаам ва дорам.
Аммо, дар шаклгирии банда ҳамчун як сиёсатмадор ва роҳбар нақши калидиро бидуни шак Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва Роҳбари фақиди Наҳзат доштааст, ки бандаро тӯли солҳо мавриди таваҷҷӯҳ, пуштибонӣ ва тарбияти худ қарор дод. Муносибати Устод Нурӣ бо бандаи камина фаротар аз муносибати сирф ташкилотӣ ва ҳатто устодиву шогирдӣ буд. Бештар як муносибати самимии инсонӣ, табиӣ ва созгор омадани хислату ҷаҳонбинии намояндаи ду насли мубориз буд. Муносибате буд, ки ниёз ба ҳарфи зиёд ва исбот ба якдигар надошт.
Дақиқан, чунин ҳарфҳоро нисбати Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода метавонам бигӯям, ки ҳанӯз солҳои шуравӣ аввалин қадамҳоро дар арсаи сиёсат ва ҷаҳонбинии сиёсӣ дар ҳавзаи дарсии ишон ва шогирдонаш мисли бародарони бузургворам Домулло Акоша ва Домулло Абдулмалик гузоштаам. Ба хусус солҳои аввали роҳбариям вуҷуди Устод Ҳимматзода набудани Устод Нуриро бароям ҷуброн мекард ва ҳеҷ гоҳ машварату ҳидоятҳои худро дареғ намедошт.
Аммо, шояд муҳимтарин омили инсонии кӯмакрасон ва пуштибон тули ҳама солҳои роҳбариам, шумо бародарону хоҳарони азиз, аъзову пайравони Наҳзати исломӣ будаед. Аз аъзои қаторӣ шуруъ карда, то Раёсати Олӣ, агар муҳаббат, устуворӣ ва садоқати шумо ба аҳди худ назди имону парвардигоратон намебуд, на танҳо ман, ҳеҷ роҳбаре наметавонист масъулияти худро ба ин шакл анҷом бидиҳад. Дар паси ин ҷумлаҳои ман рафтор ва мавқеъгириҳои бародарони зиндонии мо ва рафтор ва гуфтори бародарону хоҳарони муҳоҷири мову шумо меистад. Мехоҳам аз якояки бародарони зиндонӣ ва шаҳид ном барам, воқеъан сазоворанд. Аммо, вақт ва шароит иҷозат намедиҳад.
Ба намояндагӣ аз ҳама баррдарону хоҳарони шаҳиду зиндонӣ аз ду бародар ва ҳамраҳонам Устодон Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳамадалӣ Ҳаит ном мебарам, кӣ мисли худи ман ба ҳукми абад маҳкум шуданд. Аммо бо ин фарқ, ки ишон дар зиндонанду банда дар ҳиҷрат. Тули 11 соли фаъолият дар ҳиҷрат ҳар лаҳза набудани ин ду ва ҳама бародарони зиндониро дар тору пудам эҳсос мекардам. Аммо, усутуворӣ ва садоқати онҳо ба ҳамаи Наҳзат, аз чумла ба ман ҳам як пуштибонии маънавии бузурге маҳсуб мешавад ва набояд инро кам гирифт. Тақдири бародарони зиндонӣ, озодии онҳо бояд ҳамеша аз авлавиятҳои Наҳзат ва ҳама неруҳои мубориз дар оянда ҳам боқӣ бимонад.
Бори дигар аз Парвардигор ва аз якояки Шумо барои ин ҳама лутфу пуштибонӣ миннатдорам.
Бародарону хоҳарони азиз!
Тасмими истеъфо рафтан аз ин мақоми пуршараф барои ман тасмими осоне набуд. Шояд душвортарин ва муҳимтарин тасмими зиндагиям буд. Чун дар тарозу тақдири як нафар не, тақдири як ҳаракат, як мактаб ва ҳатто, муборизаи миллии чанд насл барои истиқлолият, озодӣ ва каромати милливу инсонӣ гузошта мешавад. Ба ин хулоса на дар як рӯз, балки дар натиҷаи таъаммул, баркашидани паҳлӯҳои мусбату манфии тасмим, истихора ва гуфтугуйи тулонӣ бо имону виҷдони худ расидаам. Тасмимест на бар мабнои эҳсосот, фишор, ранҷиш ва ё хастагӣ, мисле, ки бархе бародарон тахмин мезананд, балки бар мабнои эҳсоси масъулият назди арзишҳо, аҳдоф ва ояндаи миллату кишвар. Албатта, арзишҳо ва эътиқодоти шахсӣ низ бетаъсир набудаанд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунам, то ҳама шаку гумонҳо бартараф шаванд.
Банда ҳамеша бар ин эътиқод будам ва ҳастам, ки роҳбарӣ дар як сохтори ҷамъиятӣ, чӣ ҳукумат бошад, чӣ ҳизб ва чӣ як ҳаракат ё созмони ғайридавлатӣ, бояд интихобӣ, ивазшаванда ва маҳдуд бошад. Таҷрибаи башарӣ инро исбот кардааст, ки тулонӣ будани мудирияти як нафар дар раъси як кишвар, ниҳоди ҷамъиятӣ ё сиёсӣ дар ниҳоят ба рукуд, ба фасоди идорӣ ва шахсмеҳварӣ мерасонад. Як кишвар, як ташкилот ва як шахси қавӣ на ин ки аз ивазшавӣ намеҳаросад, балки онро як омили субот, пойдорӣ ва қудрати дохилии худ меҳисобад ва истифода мебарад.
Фарҳанги довталабона ба истеъфо рафтан, истеъфоро талаб кардан, ба истеъфо фиристодан дар як ҳукумат ва сохтори ҷамъиятии муосир ва пойдор бояд як амри табиӣ ва ҷузъи фарҳанги сиёсии ҷомеъа қабул шавад. Бар пояи ин эътиқодоти шахсӣ, бори аввал истеъфои худро 2 марти соли 2015, як соат пас аз эълони натиҷаи интихоботи парлумонӣ дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ эълон кардам. Далел ин буд, ки ҲНИТ ба Парлумон роҳ наёфт ва қоидаи сиёсӣ ин аст, ки роҳбари ҳизб дар чунин ҳолатҳо бояд ба истеъфо биравад. Шӯрои сиёсӣ бар ин назар буд, ки ба Парлумон роҳ наёфтани ҳизб на натиҷаи корношоямии роҳбарият, балки тақаллуби саросарӣ ва сохтакории ҳукумат аст ва инро ҳамагон медонанд. Дар ниҳоят Шӯрои сиёсӣ тавсия до д, ки бо назардошти ҳассосияти вазъ ва мавзӯъ, он то Анҷумани навбатӣ дар моҳи сентяр ба таъхир андохта шавад.
Ба ҳамагон маълум, ки ҳодисаҳои сентябри 2015 на танҳо вазъи кишвар, балки Наҳзатро ҳам комилан таъйир дод. Аз замони ҳиҷрат то ин лаҳза се маротиба аз нав ба роҳбарии Наҳзат интихоб шудам ва худам ҳам бар назари Раёсати Олӣ мувофиқ будам, ки то расидан ба як марҳалаи субот ва истиқрори дохилӣ идома додан ба салоҳи кор ва манфиати Наҳзат аст. Инак, Наҳзат ба як марҳалаи суботи нисбӣ расид, шуълаи фитнаҳо фурӯ кашид ва инсиҷоми дохилӣ ба даст омад. Наҳзат аз қолаби маҳдуди ҳизбӣ ба қолаби васеътар ва барояш табиитари ҳаракат баргашт. Ва ба ин натиҷа расидам, ки фурсате беҳтар аз ин барои супоридани масъулият ба насли ҷавонтар нахоҳад буд.
Дар зеҳни аксарият назаре шакл гирифтааст, ки ивазшавии мусолаҳатомези роҳбарони кишварҳо ва нерӯҳои ҷамъиятӣ хоси кишварҳои ғарбӣ ва ғайримусалмонӣ аст. Кишварҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ таҷриба ва фарҳанги сиёсии дигар доранд, ки боиси модомулумр будани роҳбарон мегардад. Мутаъассифона, воқеъият ҳам чунин аст. Мо кам дорем таҷрибаеро, ки роҳбари як кишвар ё нерӯи сиёсӣ довталабона, дар саломатии комил ва дар чорчуби меъерҳои ҳуқуқии собит қудратро ба кас ё нерӯи дигар биспорад. Маъмулан роҳбарони сиёсии кишварҳои мо ё бо марг ё табаддуллот ё инқилоб аз мансаб мераванд. Хеле агар корношоям шаванд, ба яке аз аҳли оилаи худ месупоранд. Ин яке аз омилҳои аслии рукуд, фалаҷшавӣ ва бесуботӣ дар кишварҳои мост. Мо вазифадорем, ки ин қолабҳои таҳмилшударо бишканем.
Ёдамон наравад, ки тулонӣ мондани банда дар роҳбарии Наҳзат солҳо боз аз тарафи рақибон ҳамчун далел барои сафед кардани хонаводагӣ ва домиӣ кардани ҳокимият истифода мешавад. Садоҳо ва ишораҳои монанд дар дохили ҳаракат низ пайдо шуданд ва дар сурати тулонӣ шудани роҳбарӣ ин як амри табиист. Мо набояд шароитеро ба вуҷуд биёрем, ки рақибон ва фурсатталабон онро ҳамчун нуқтаи заъф ва васила барои ҳуҷум ба Наҳзат ва нерӯҳои милливу мазҳабӣ истифода кунанд. Баръакс, мо бояд фарҳанги сиёсии навинро поягузор бошем, ки як ҳаракат метавонад дар шароити ором, дар чорчуби меъёрҳо ва бо роҳи интихоботи шаффофу рақобатнок роҳбарашро иваз кунад. Ва ин тағйирот метавонад дар шароите сурат бигирад, ки он нафар ҳанӯз аз лиҳози саломатӣ, фикрӣ ва тавонмандиҳои роҳбарӣ коршоям аст. Ин тағйирот дар мабнои усул, меъёрҳои собит ва арзишҳо сурат мегирад, на бар мабнои ҳолати шахсӣ. Мо бояд исбот кунем, ки як нафар метавонад масъулияти роҳбариро биспорад, аммо дар дигар симмат дар хидмати арзишҳо ва аҳдофи муштарак бошад. Омода бошад таҷриба, дониш ва нерӯяшро дар кӯмаки ҳаракат ва роҳбарияти ҷадид истифода кунад. Аз ҳама муҳим, «рафтан» ба маънои таҳтуллафзии рафтан набошад, балки ба маънои мондан, идома додан ва қавӣ кардан бошад.
Нуктаи дигар ин аст, ки ин тағйирот бояд бо назардошти барномаҳо ва тарҳҳои минбаъдаи Наҳзат бошад. Ҳар роҳбар бояд муносиб бо барномаҳои имрӯза ва ояндаи ҳаракат бошад. Барномаҳои ояндаи Наҳзат, табиати мубориза ва шароити имрӯзу фардо чунин тағйиротро тақозо мекунад. Акнун дарк мекунам, ки чаро Устоди марҳум он замон нафаре мисли бандаро дар масъулиятҳои болотари Наҳзат дидан мехост. Ӯ комилан аз дидгоҳҳо, шахсият ва тарзи фикрронии банда огоҳ буд. Тасаввур мекард, ки Наҳзат дар солҳои баъдӣ бо чӣ шароите рӯбарӯ мешавад ва кадом руйкарду тактик бештар ба дард мехурад. Бо назардошти шароити он замон ва оянда муҳрачинии дохилӣ мекард. Ин сиёсат ва ин таҷриба сармояи Наҳзат аст ва бояд дар ҳолатҳои гузариш истифода шавад.
Замоне масъулият ба души банда афтод, ки Наҳзат як ҳизби сиёсӣ буд ва бояд дар чорчуби ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ташкилотии як ҳизби сиёсӣ амал мекард. Танҳо маттакояш Сарқонун ва қонуни аҳзоби сиёсӣ буд ва ин ҳам дар сурате, ки ин қонунҳо аз тарафи ҳама риоят шаванд. Ба хусус, аз тарафи Ҳукумат. Бузургтарин дастоварди Наҳзат то он лаҳза имзои Созишномаи Сулҳ, пайдо кардани ҳаққи фаъолияти қонунӣ ва доштани саҳм дар бахше аз ҳокимият буд. Аммо, ин ҳама дастовардҳо мадюни ду омил буданд: муҷоҳиддин ва силоҳи Наҳзат. Ду омиле, ки Наҳзат тибқи Созишномаи Сулҳ аз онҳо даст кашида буд. Дар ивази супоридани ин ду омили тақдирсоз Наҳзат бояд кафолати дохилии қонунӣ ва байналмиллалии мустаҳкам ба даст меовард, ки тарафи дигар фурсатталабӣ накунад ва зери мизи сулҳу ваҳдат ва аҳду паймонҳои тарафайн назанад. Ҳанӯз аз солҳои аввали қатъи фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ мушаххас шуд, ки тарафи дигари сулҳ нияти риояти дарозмуддати Созишномаро надорад. Ҳамагӣ 2 сол лозим шуд, ки саҳми 30% тарафи дигарро аз байн бибарад, маҳдудиятҳои динӣ ва сиёсиро болои ҷомеъа таҳмил кунад, дар фикри тағйири муҷаддади Сарқонун ва тамдиди даврони роҳбариаш бар хилофи Созишнома бияфтад.
Иттифоқан, ҳодисаҳои 11 сентябри 2001 дар Амрико барои даст кашидан аз Созишномаи сулҳ ва маҳдуд кардани мухолифин зери парчами мубориза бо «терроризми исломӣ» барои Ҳукумат фурсати тиллоӣ буд. Дигар вуҷуд доштан, амал кардан ё накардан дар дохили кишвар барои Наҳзат ва тамоми нерӯҳои милливу мазҳабӣ вобастаи майл ва хоҳиши як нафар буд. На Созишномаи Сулҳ, на Сарқонун, на кишварҳои кафил ва на меъёрҳои байналмиллалӣ кафолати фаъолияти як нерӯи мухолиф дар дохили кишварро таъмин карда наметавонистанд ва то имрӯз натавонистанд. Устод Нурӣ пешбинӣ мекарданд, ки дар дохил будан ё набудани Наҳзат дар марҳалаи оянда дигар аз майлу васвоси як нафар вобаста аст ва болои як мӯ қарор мегирад. Дар чунин шароит, ки доштани робитаҳои қавӣ бо ҷаҳон танҳо кафили мавҷудият чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ бошад, бояд тиме ба сари кор биёяд, ки бо ҷаҳон битавонад гуфтугӯ кунад, чун дар дохил масири гуфтугӯро бастаанд. Дар дохил бо касоне рубурӯ мондаед, ки танҳо забони нерӯи хашинро мефаҳманд, ки дигар он нерӯ вуҷуд надорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки вақте тараф қудрати заминӣ дар ихтиёр дорад, ки ниёзи зиёде ба қудрати гуфтугӯ ва мантиқ надорад, чун ҳамон кудрати майдонӣ худаш ба мантиқ ва гуфтумон қудрат мебахшад. Қудрати мантиқ, иртиботҳо ва тавонмандии гуфтугӯ замоне авлавият пайдо мекунанд, ки шумо дигар қудрати майдониро дар ихтиёр надоред. Дақиқан ҳамон ҳолате, ки Наҳзат пас аз имзои Созишнома дошт.
Имрӯз, ки Наҳзат дар як муҳити комилан бегона, дар шароити душвори геополитикӣ ва дур аз минтақа тавонист худро бозсозӣ кунад ва муборизаро идома бидиҳад, боз ҳам нерӯи аслии миллӣ дар саҳна боқӣ мондааст, ки ин натиҷаи ҳамон ояндабинии Устодон ва тағйири руйкард аст.
Боз оянда таърих баҳои ниҳоиро хоҳад дод, аммо фикр мекунам, ки мову шумо тавонистем ин қисмати масъулияти худро то хаде ки имкон дошт, анҷом бидиҳем ва натиҷаи сиёсати «гуфтугӯ бо ҷаҳон» – ро имруз бубинем.
Марҳалаи ояндаро банда марҳалаи гузариш аз «гуфтугӯ бо ҷаҳон» ба «гуфтугӯ бо миллат» мебинам. Барои ин марҳала мо бояд касонеро дошта бошем, ки бо забони худи мардум, бо равишҳои ошно ба мардуми тоҷик суҳбат ва рафтор кунад. Ҷаҳон моро шинохт ва пазируфт, акнун миллат моро бояд аз нав бишносад. Ниёз ба тиме дорем, ки ниёзҳои насли имрӯз ва ояндаро бишносад, бо ин насл тамос барқарор кунад ва бо ин насл наздик бошад. Бозгашти мо ба ватан аз роҳи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бо миллат, ба хусус бо насли ҷавон бояд бошад. Ниёз ба тиме дорем, ки ҳам ҷаҳон ва миллатро хуб бишносад ва тавозуни мантиқиро байни воқеъиятҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ ба вуҷуд биёрад.
Дар тули чанд ҳафта пас аз эълони тасмими ниҳоӣ барои истеъфо шоҳиди он гаштем, ки чандин бародарон эълони омодагӣ барои гирифтани масъулиятро карданд. Ин як паёми бисёр муҳим барои ҳамагон аст ва чандин даъво ва назарияро ботил мекунад. Яке ин, ки Наҳзат ҷуз як нафар дигар кадр надорад. Дуюм, ки ин роҳбарият кадри ҷойгузин омода накардааст. Сеюм, ин ки гуё Наҳзат дигар барномае барои ояндаи миллат надорад.
Он чизе ки мо имрӯзҳо мушоҳида мекунем, баёнгари он аст, ки Наҳзат ҳамчун як нерӯи пӯё, зинда ва таҷдидпазир боқӣ мондааст ва хоҳад монд.
Бо назардошти ин нуктаҳо, тасмими худро барои супоридани масъулият ба як насли ҷавонтар як тасмими саривақтӣ ва мутобиқ ба арзишҳо ва эътиқодоти Ҳаракат ва шахсии худ медонам ва Худовандро дуъо мекунам, ки тавони хидмати минбаъда дар ин роҳро барои банда иноят кунад.
Ба роҳбари ҷадид, бародари гиромӣ Домулло Исломиддин, ки парвардаи ин мактаб аст, дар ин роҳи пурмашаққат ва пурифтихор аз Худованд комёбиву усутуворӣ таманно дорам. Боварӣ дорам, ки аз уҳдаи ин масъулият хоҳанд баромад ва мутмаин бошанд, ки ҳама бародарону хоҳарон, аз ҷумла, бандаи камина дар паҳлуйи ишон хоҳем буд.
Бори дигар ба ҳамагон барои лутфу меҳрубониатон тули ин ҳама 20 сол миннатдории мухлисона изҳор мекунам ва аз Худованд аҷри бепоён таманно дорам.
Бародари Шумо,
Муҳиддин Кабирӣ